Донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи бокси ҷаҳонӣ пирӯз гардид

Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шаҳбоз Ҳайитов дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар Федератсияи Русия доир гардид, ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуд.
Донишҷӯи донишгоҳи мо дар ин мусобиқа дар вазни 86 кг баромад карда, ба панҷ ҳарифаш дастболо гардид вале дар даври ниҳоӣ мағлуб шуд ва ба гирифтани медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс комёб шуд. Ба ғолибон диплом ва медалҳои мусобиқа тақдим гардид. Аз дастоварди байналмиллалии Шаҳбоз Ҳайитов ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ хушҳол гардида, ҷиҳати муваффақиятҳои дигар ба ӯ барору комёбиҳои назаррас орзу менамояд.

 

You might also like