БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БОЯД СОДИҚ БОШЕМ!
Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Гурўҳи ҷинояткор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо супориш ва роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бар ивази маблағи ночизи сармоягузорони хориҷии худ чунин шахсиятҳои маъруфи кишвар Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Шарипов Фатҳуллохон, Бегиҷонов Собирҷон, Хайруллоев Нурулло Мухторович ва дигаронро ба қатл расонида нобоварии халқро нисбати ҳукумат зиёд намуда, маълумотҳои бардурўғро оид ба он ки ин шахсиятҳои барумандро ҳамчун рақибони сиёсӣ ҳукумати кишвар ба қатл расонида бошад паҳн намуда буданд.
Бо гузашти вақт таърих ҳама бозиҳои сиёсии пасипардагии Ҳизби наҳзати исломро бо роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Ҳалим Назарзодаро ба мардуми кишвар ошкор намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид месозанд, ки «Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…».
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеша кардааст ва бо ҳар кадом ҷумҳуриҳо бо баназаргирии манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро ба роҳ мондааст.
Имрӯзҳо Тоҷикистон дар қатори садҳо давлатҳои мустақили ҷаҳон ҷойгир шуда, аъзои комилҳуқуқи созмони байналмилалӣ ва даҳҳо созмонҳои дигари ҷаҳонӣ мебошад. Давоми 30 соли мавҷудияташ ҳамчун як кишвари озоди демократӣ, дунявӣ ва мустақил бо мазмуни том дар самтҳои иқтисодию сиёсӣ ҷаҳиши бузурге кардааст, ки ин натиҷаи меҳнатҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Вале новобата ба ин ҳоло ҳам, нафароне ёфт шуда истодаанд, ки ба чунин давлати соҳибистиқлол ношкури намуда, аз хориҷи кишвар зидди двлату миллати мо ҳар гуна туҳматҳо намуда истодаанд. Ҳамарӯза мардумро ба митингу инқилоб намудан даъват менамоянд. Албатта мақсади онҳо гирифтани ҳокимият бо роҳи ғайриконститутсионӣ мебошад.
Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Афғонистонро ба сари миллати худ меоранд? Боке нест, ягон вақт ин тоифа ба худ ояд ва як хулосаи лозимии худро оиди даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.
Онҳо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷо ягон гап ҳаст, яъне мардум ба рафти фаъолияти имрӯзаи ҲНИ беҳуда таваҷҷӯҳ зоҳир накарда истодааст. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезиро намехоҳад.
Аз ин лиҳоз мо, мардуми кишвар бояд сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ободу сарсабзии кишвар саҳмгузор бошем.
Қобилов Б.Қ. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ