ДДҲБСТ: Баргузории аксияи зиддикоррупсионӣ

“Танҳо дар ваҳдату ҳамбастагӣ мо метавонем коррупсияро барҳам диҳем!” таҳти ин унвон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия аксияи зиддикоррупсионӣ доир гардид. Дар аксияи мазкур роҳбарияти донишгоҳ, кормандону устодон ва донишҷӯён иштирок карданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, мудири бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров ва намояндаи раёсати Агентии ММК ҶТ дар вилояти Суғд Парвиз Ёдгорзода баромад карданд. Иброз гардид, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмўъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Илова шуд, ки баланд гаштани сатҳу шиддати коррупсия боиси заиф гаштани арзишҳои демократӣ, паст гаштани асосҳои ахлоқӣ, маънавиёти ҷомеа ва коҳиш ёфтани обрўву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Дар қисамти дигари чорабинӣ викторина байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуда, донишу малака ва маҳорати онҳо ҷиҳати шарҳи маънои истилоҳи «коррупсия», қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва ғайра санҷида шуда, иштирокчиён дар он фаъолона иштирок намуданд ва ба саволҳо посух доданд.
Тибқи нақша – чорабиниҳои донишгоҳӣ мулоқоту вохӯриҳо дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия ташкилу баргузор карда мешаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like