Баргузории озмун барои дарёфти Стипендияи раёсати донишгоҳ
Бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар донишгоҳ Стипендияи раёсати донишгоҳ роҳандозӣ гардида, донишҷӯёни фаъол ба гирифтани он комёб мешаванд.
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Шӯрои олимони донишгоҳ озмуни мазкур доир гардид, ки дар он муовини ректор оид ба таълим Ҳаким Ғаюров, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова ва аъзои ҳакамон иштирок карда, ба донишу малакаи иштирокчиён баҳогузорӣ карданд. Дар озмуни мазкур донишҷӯён аз ҳама факултетҳои донишгоҳ барои соҳиб шудан ба Стипендияи раёсати донишгоҳ дар озмун ширкат варзиданд. Дар озмун беш 100 нафар донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ иштирок намуда, ҳайъати ҳакамон аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи донишҳои тахассусӣ ба довталабон баҳогузорӣ карданд.
Озмуни барои гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ бо мақсади дарёфт ва ҳафасмандгардонии хонандагон, донишҷӯёну магистрантон, ки давоми таҳсил ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд ва бо фаъолияти хеш дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи донишгоҳ ҳиссагузорӣ менамоянд, таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти низомнома нахуст озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо доир гардида, сипас дар раёсати донишгоҳ баргузор мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








