Инъикоси воқеъияти масъалаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар мақолаи Абдуллои Роҳнамо

Таниши марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар чанд вақт як бор ташдид мешавад. Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 984 километр марзи муштарак доранд ва аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ то моҳи майи 2021, ду кишвар танҳо бар сари марзбандии ҳудуди 600 километр ба тавофуқ расидаанд.

Чуноне, ки аз нигоштаҳои Абдуллои Роҳнамо бармеоянд, низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст.

Ин аст, ки гарчи Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад.

Таъкид карда мешавад, ки бо чунин пешбиниву пешомад, дар канори омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, яке аз муҳимтарин заруратҳо огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст. Аммо арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд. Ин ҳолат, яъне камбуди тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асосу таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида мешавад.

Барои тасаввури дақиқ дар бораи миқёс ё паҳнои ҷуғрофии баҳс, 211 000 гектар ва ё 2110 километри мураббаъ замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд (бо назардошти тамоми ҳудуди маъмурии деҳоти онҳо) ё тахминан беш аз даҳ ҳудуди шаҳри Душанбе бо афзудаҳои нави атрофаш баробар аст! Яъне дар ин баҳс сухан дар бораи чунин минтақаи азим меравад.

Агар дар мисоли берунӣ бингарем, ин заминҳои ғасбшуда қариб баробари ҳудуди кишвари Люксембург дар Аврупо, ё тақрибан ду баробари ҳудуди кишварҳои Сингапур ва Баҳрайн дар Осиё мебошанд.)

Оре, мувофиқи маълумоти «Бобурнома»–и Заҳириддини Бобур «Исфара, аз ҷумла Ворух дорои обҳои равон ва боғчаҳои босафо будааст. Дарахтони босамараш бисёр ва бештари боғҳояш бодомзор мебошанд. Мардумаш тамом сарт ва кӯҳӣ, яъне тоҷик ва кӯҳистонӣ буда, форсигӯянд. Исфара аз чор қисм – яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух ва чорум Ҳушёр иборат аст».

Аз рӯи ин маълумот ва сарчашмаҳои дигар равшан мешавад, ки Исфара макони таърихии тоҷикон буда, ин масъала аз тарафи олимони маъруфи таърихшинос ва бостоншиносони номдор низ тасдиқ гардида, ёдгориҳои таърихие, ки дар ҳудуди шаҳр ва деҳоти он ҷойгир мебошанд, далели онанд, ки сокинони ин макон ҳазорҳо сол пеш бумӣ будаанд.

Анъана ва расму ойинҳое, ки мардуми Исфара ва деҳоти он то ба имрӯз ҳифз кардаанд, бори дигар бостонӣ будани ин мавзеъро тасдиқ мекунанд”

Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ки шарҳаш меояд, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд.

Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони шӯравӣ низ маълум буд ва дар ин замина ҳар гоҳе баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меомаданд. Аммо чун то соли 1991 ҳар ду ҷумҳурӣ ба таркибӣ давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, марзҳои ду ҷумҳурӣ марзҳои байнидавлатӣ ҳисоб нашуда, баҳси ҳуқуқию сиёсии тақсими марзҳо дар ин сатҳ намеистод. Бо касби истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ вазъияти ҳуқуқию сиёсии сарҳадҳо комилан тағйир ёфта, зарурати ба таври расмию ниҳоӣ муайян кардани сарҳади байни ду давлати мустақил пеш омад. Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, аз Қирғизистон талаб дорад, ки заминҳои аз ҳисоби ҳудуди тоҷикистон дар ихтиёри худ доштаро баргардонад.

То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021 низ садо дода буд.

Аммо дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин қитъаҳо бо сабабҳои баҳсӣ боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нӯшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳар гоҳ байни сокинон ихтилофу низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд. Дар чунин вазъият, риоя нашудани қарордодҳои ҷузъии дуҷониба дар бораи мақом ва истифодаи қитъа ва иншооти мушаххаси наздисарҳадӣ, ки дар солҳои охир ба имзо расидаанд, вазъиятро боз ҳам печидаву ноустувортар мегардонад. (Намунаи ахири он соли 2021 аз созишномаи соли 2006 дар бораи иҷораи замин баромадани Қирғизистон аст, ки эътимоди байнисарҳадиро амалан аз байн мебарад.)

Илова бар ин, ҷониби Қирғизистон соли 1999 бо фарогирии аксари қитъаҳои баҳсӣ вилояти нави Боткандро (Баткент) таъсис намуда, бо қабули қонуни махсуси миллӣ «Дар бораи мақоми вилояти Ботканд» (№113 аз 10-уми сентябри соли 2021) ин вилоятро амалан ба ҳавзаи махсуси ҳарбиву мудофиавӣ табдил карда, ҳатто ба низоъҳои маишиву иҷтимоии аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ моҳияти ҳарбиву сиёсӣ мебахшад. Банди 14-уми ин қонун мушаххасан пешбинӣ мекунад, ки дар ин вилоят (дар заминҳои қонунии Тоҷикистон) бо додани имтиёзҳои бисёр зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, шумораи аҳолӣ ва нуктаҳои аҳолинишини қирғизӣ ба таври мақсаднок зиёд карда шавад. Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони ин деҳаҳои амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар маҷмӯъ, ба ҷойи осонтар кардани ҳалли масъала, имкони ба низои мусаллаҳи васеъ ва байнидавлатӣ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад…

 

Шамсиев Ф. К.- н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like