НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Баъди пош хўрдани  давлати  абарқудрати шўравӣ Тоҷикистон ва дигар давлатҳои  узви онро зарур буд, ки сохти нави давлатиро интихоб  намоянд. Ҷумҳурии  Тоҷикистот  сохти  идоракунии  демократиро интихоб намуд, ки фаолияти  минбаъдаи  комсомол алакай бо он мувофиқат намекард, яьне он дигар наметавонист ҳадафҳои аслии худро татбиқ намояд.

Дар даврони 70-соли   ҳукмронии собиқ давлати шўравӣ яке аз соҳаҳои фаъоли ҷамьиятӣ  ва ё  мактабомодасозӣ  кадрҳои аз лиҳози иҷтимоӣ ва сиёсӣ обутоб ёфта, ин соҳаи кор бо ҷавонон бо унвони «Комсомол» ба ҳисоб мерафт. Комсомол ягона низоме буд, ки ҳамчун ниҳоди фаоли Ҳизби комунистӣ ба омодасозӣ ва таъмини кадрҳои бо лаёќату ватандўст барои давлати шўравӣ хизмат мекард.

Дар тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хусусан ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо фаолияти камсамол дар нақшаи нави хусусияти давлатдошта –сиёсати  давлатии ҷавонон, ки бо сохтори идоракунии демократи хос мебошад, ташаккул дода шуд.Ин қарор дар он шароит рўи кор омад, ки  сохти идораи соҳаи кор бо ҷавонон ба таври мукаммал вуҷуд надошт. Қадами аваллин барои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон чун амали маьмулӣ аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13-марти соли 1992 оғоз гардид.Таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли  Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтию  нокомиҳои пай дар пай пеш омада Пешвои муаззами миллат ба баррасии масьалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медод.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ оиди соҳаи ҷавонон, ки аз самтҳои сиёсати дохилии давлатба ҳисоб меравад, моҳияти ин самти сиёсатро ҳанўз чандсол қабл Пешвои миллат муҳтарам  Эмомали Раҳмон чунин тавзеҳ дода буданд: Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд. Бинобар ин, мову шумо ҷавонон набояд бетарафи зоҳир намоем ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амали карда мешавад мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти мо ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо ин мақсадҳои наҷиб санадҳои гуногун аз қабили  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 1997 «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»  ва дигар қонуну қарорҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Ҳукумати кишвар барои таълиму тарбия ва пешрафти ҷавонон як қатор қонуну санадҳоро қабул намуд. Махсусан эълон намудани соли 2017 Соли ҷавонон аз таваҷҷуҳи хоси Президенти  кишвар нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳад, инчунин баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғу  субҳи донои китобаст»  «Илм фуруғи маърифат» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман» ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои лаёқадманд, боистеъдоду соҳибкасб равона гардидаанд, ҳамзамон муқарар намудани стипендияҳои Президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ, ҷалби ҷавонон дар фаолияти идоракунии давлатӣ, эълон гардидани солзои 2020-2040  ҳамчун Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф, ки тавассути ташакули донишу маърифати насли ҷавон дастраст ва қобилияти кор карда тавонистан бо техникаҳои гуногуни замон ба даст меояд.

Барои ба қадри ингуна талошҳои наҷибонаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан насли наврасро зарур меояд, ки фанҳои дақиқро ҳарчӣ хубтару беҳтар омўхта дар гул-гул шукуфоии диёри азизамон саҳми арзанда гузоранд.

Тӯразода Ҷ.А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like