ХИЁНАТҲОИ АЪЗОЁНИ ТЭТ ҲНИ

Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Асосгузори Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат» ба тавсиб расид.  Аз ин лиҳоз, намояндаҳои ТЭТ ҲНИ мо зиёиёни кишвар ҳамҷоя илтиҳо дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро бахри ободии халқ,  дар сулҳу салоҳ  зиндагӣ  доштан, равона карда истодааст халалдор нашаванд.

Авлодони гузаштаи миллати мо, борҳо шакли ташкили иҷтимоии беназирро эҷод намуда буданд, ки он шакли санҷидашударо имрўз мо меомўзем ва пайваста бо тақозои замони муосир тадбиқ менамояд. Воқеан ҳам, ҳамон расму қоидаҳо умри ҷовидон дораду нигоҳ дошта мешавад, агар рақобатпазир бошанд. Ва  ифтихор бояд кард,  ки кулли арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоиро, ки ориётаборон эҷод намуда буданд, дорои сифатҳои умумибашарӣ буда, ба мазмуни ҷомеаи дунявӣ комилан рост меояд ва заминаҳои  бунёдии он ҳам мебошад.

Воқеан таърих мурабии беназир барои имрўз аст.  Зеро, он натанҳо ба ҳодисоти замон ҳукми воқии муайян мекунад, балки сабақи он роҳи ояндаро  рўшан менамояд. Бахусус, илмҳои ҷомешиносӣ пайваста бо омўзишу пажўҳиши ҷараёни ҳаводиси иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ва воқеяти иҷтимоӣ сабабҳои решагии ҳаводиси пурталотуми ҷомеаро муайян менамояд,  то ин,  ки минбаъд барои оянда манбаи донишу сабақ бошад.

Ҳар як шахс бояд дар зиндагии худ дар Ватани худ барои осоиштагии худ тадбирҳо ҷўяд ва ин тадбирҳоро на аз дигарон ёбаду ба онҳо такя кунад. Ҳар яки мардуми шарифи Тоҷикистон мусалмон аст, ҳамаи мардум дар бораи чӣ будани дини ислом, гуноҳу савоб, неку бадро хуб медонанд. Ҳарчанд давлат сохти демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ бошад ҳам, мардуми тоҷик аз рукну одатҳое,  ки доранд ҳаргиз дур намешаванд.

Мо умедворем, ки хамаи кишварҳои ҳамсоягон аз пайдоиши дини ислом дўсту ҳамфарҳанг буданд, боз  дўстию  рафоқати худро гум накунанд ва барои  пешравӣ ҳеҷ чиз монеъа нашавад.

Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносист. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату  иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Мардуми кишвари Тоҷикистон боз аз нав сохтро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин ҷода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз ҷангу ҷидол, кашкашаю бар манфиат кор кардани  ашхосе  ба ҳеҷ кас лозим нест.

 

Бобоҷонова З.Ғ. -дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнес

You might also like