Забондонӣ – роҳ ба ҷаҳонишавӣ 

Дирӯз 21 декабри соли 2021 мо, мардуми бошарафи халқи тоҷик тариқи телевизион Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тамошо намудем.

Паёми навбатии  Президент оиди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2021  баён намуда,  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар давраҳои оянда, яъне  соли 2022 муайян кард. Паёми навбати боиси хушнуди буд, ки мардуми бо  нангу номуси тоҷик дастури нав  барои кору фаъолияти ояндаи  худ – соли 2022гирифт.

Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамаи дастовардҳои  дар даврони истиқлолият, Тоҷикистони биҳиштосои  бе мислу монанд, гул гул шукуфон  ба даст омада истодааст,  гуфта гузаштанд, ки ин  дастовардҳо беназир. Инро бояд ҳар яки мо бояд ҳис намоем, бо давлати ҷоноҷонамон ҳамнафас бошем. Дар ҳар Паёми худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуъ, ба сатҳи талаботи замон созгор намудани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии таълим эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Имрӯз ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд,  ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад ва зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.                                                          Донистани забони русӣ имкон медиҳад, ки ҳар як шахсро бо халқи дигар миллатҳо муошират кунад ва роҳҳо ва дурнамои робитаи  байналмилалӣ ва ҳамкориҳои байнибонкӣ ва фарҳангиро боз намояд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо,  кормандони  соҳаи маориф дар ин марҳилаи тақдирсози эҳёи давлатдории миллӣ, пуштибонии  истиқлолияти  сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, ки муқаддасоти миллат ва мероси таърихию  маънавӣ саҳми арзанда  доранд, вазифа мегузоранд, ки бо роҳи густариши арзишҳои нек раванди ташаккули ҷомеаи фарҳанги пешрафтаро  тақвият бахшем ва насли наврасро ҳамчун шахсони саҳибмаърифату  забондон ва бофарҳанг расонем.

Бояд қайд намуд,   ки барои ҷаҳонишавӣ ва  баҳамназдикшавии халқу давлати мо бо маданияти халқҳои ҷаҳон саҳми ҳалқу  маданияти рус ва забони русӣ  калон буда,  ҳоло ҳам ин нақши худро  бозида истодааст, чаро ки донистани забони русӣ дар ҳолатҳои ҳаётан зарурӣ, муоширати  хонандагон ва донишҷӯён дар ҳамаи  соҳаҳо ва шиносоии онҳо  бо фарҳанги мардуми рус ва тавассути забони русӣ бо  фарҳанги ҷаҳонӣ.                                                                                                                                                  Вазъи имрўзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ талаб менамояд. Дар  ҳар Паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсат ба забон дар кишвар дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки онҳо низ аз бар карда шаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои 2004-2014 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003, №508 “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014” бомуваффақият татбиқ гардид. Вазъи имрўзаи фаъолияти забони давлатӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурӣ аз натиҷаҳои муносибатҳои сиёсӣ нисбат ба забони ин давра муайян мегардад. Хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ бе амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад.   Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 таҳти № 438 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд. Ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таконе барои такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мо, устодони ДДҲБСТ кӯшиш ба харҷ мебарем, ки мутахассисони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй тарбия намуда, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳем.

 

Атоева М.М., номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ

 

You might also like