МО ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Терроризм-зуҳуроти  номатлуб, зӯриафкан, харобиовар, ҳарософар, даҳшатнокест, ки  дар ҷаҳони имрӯз таҳдиду хатарҳои он аҳли фаҳмро ба ташвиш андохтааст. Ин ҳаракати таҳлукаофар ҳоло доман густурда, дар радифи масоили глобалӣ ҷой дорад.

Терроризм-сиёсати тарсонидан ва фурӯ нишондани душманони сиёсӣ, мазҳабӣ ва ғайра бо роҳи зӯрӣ, нобудсозӣ ва дигар амалиёти даҳшатбор мебошад.

Зери ин мафҳум гурӯҳҳои террористии ҷаҳонӣ амалҳои ноодамонаи худро дар ниқоби дини мубини ислом ба зуҳур меоранд. Мақсади онҳо танҳо хунрезӣ, модаркушӣ, ватанфурӯшӣ ва ҳамчунин, ботаҳдиду зӯриву нобасомонӣ барпо намудани “хилофат-системаи идоракунӣ дар ислом”мебошад. Чуноне ки мегӯяд, терроризми хунхор модар надорад, ватан надорад, аз дину имон дар ӯ асаре нест. Ӯ балки одам нест, махлуқест хунхор, ваҳшӣ ва девест, бе мафкура. Афсӯс, ҳастанд нафароне, ки амалҳои онҳоро шоиста пиндошта, кушта шудан дар “ин ҷанги муқаддас”-ро барои худ шаҳид шудан меҳисобанд. Пас, суоле ба миён меояд. Магар куштани шахсони бегуноҳ, беобрӯ кардани занону модарон, одамшурӯши савоб аст? Ин паноҳи ислом ва ё дифои он нест, ин амалҳо таҷовуз ва  исломфурушист. Ҷомеае, ки афкори солим доранд, зидди амалу кирдорҳои террористианд. Ақидаҳои хурофатпарастонаву амалҳои ғайриинсонии онҳоро маҳкум месозанд.

Дар ҳақиқат, имрӯзҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлатҳои ҷаҳонро дорад. Аз ин кишвари мо низ бурун аз қатор монда наметавонад. Маҳз ҳамин лиҳоз аст, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳо, вохӯриҳо, ироаи Паёмҳо махсусан, қайд менамоянд, ки ҷавонон ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ба фитнаю фиреби бадхоҳон фирефта нагарданд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нашаванд. Дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар чунин ёд карда буд: “Терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитари ниинсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст”.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад дар ҷаҳон 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунад. ИМА барои мубориза алайҳи терроризмму экстромизм ҳар сол аз 5 то 20 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мекунад. Дар Созмони милалимуттаҳид беш аз 10 конвенсияи байналхалқӣ ҷиҳати муборизабо терроризм қабул гардидааст.

Мувофиқи назарсанҷӣ коршиносон маълум мекунанд, ки аз се сабаб амалҳои террористӣ ёдрас мешаванд: аввал, адовату бадбинии гурӯҳи этникӣ, динӣ ва ё забонӣ байни ҳамдигар; дуюм, зоҳир гардидани таҳдиду зӯроварӣ аз ҷониби он давлатҳое, ки онҳоро сармоягузорӣ мекунанд; сеюм, сатҳи баланди истифода аз зуроварӣ аз қабили марг дар натиҷаҳои бархӯрди муташаккилона;

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо: экстремизм- мафкура ва андешаҳое, ки ба қонуну қавоиди ҷамъият созгор нестанд ва зидди онҳо арзёбӣ мегарданд. Он аз рӯйи мазмун- диниву дунявӣ ва аз рӯйи зуҳурот- ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ шуда метавонад. Экстремизми байналхалқӣ дар доираи ҳамаи динҳои ҷаҳон мавҷуд аст.

Аз таърихи пайдоиши ҳаракатҳои террористӣ маълум мегардад, он гуна ташкилот соли 1928 дарМиср бо номи “бародарони мусулмон” ташкил гардида буд.

Хавфноктарин созмони террористӣ бо ном “Давлати исломӣ” маҳсуб меёбад. Аз соли 2013 бо номи Давлати исломиии Ироқу Шом (ДИИШ)ваҳшонияту хунхории худро намоиш медиҳанд. Маҳз дар ҳамон соли ташкилёбии ДИИШ наздики 17 ҳазору 958 нафар аз амалиётҳои террористӣ фавтидаанд, ки 88% он дар давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Нигерия ва Сурия мебошад. Дар ҳамон сол дар ин давлатҳо дар маҷмӯъ 15000 нафар аз ҳуҷумҳои ваҳшиён- террористон ҳалок гардидаанд. Дар ин давлатҳо ҷойе нест ором, обод ва осуда, ҳама табдил ба харобазор гардида.

Боз ҳам мо бояд шукри ин даврони осудаи кишвар намоем, ки дар аз чунин наҳсоният ҳастем. Ватани обод, шукуфон дорем. Зиндагии осуда моро ҳамраҳ аст. Аз ҳавои сулҳ нафас мегирему аз чашмаи ваҳдат об менӯшем ва дар сояи дарахти Истиқлолият кору фаъолият ва ҳамчунин истироҳат дорем. Бояд, сиёсати хирадмандонаи Садри муаззами миллатро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намуда, кӯшем, то ватани худро дур аз газанд ва сари худро дур аз бало нигоҳ дорем. Агар осудагӣ ҳаст, ободиву сарсабзӣ худ меояд.

Сулҳу оромӣ дар Ватан ҳамеша пойдор бимонад!!!

 

Ҳакимова М.М. – дотсенти кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like