ҶАВОНОН – НЕРӮИ СОЗАНДА

Сарвати миллат на танҳо аз захираҳои иқтисодӣ ва табиии он, балки дар насли ояндааш, аз фарзандону ҷавонони он, ки ояндаи кишвар, миллатро меофаранд дар бар мегирад. Фарзандони имрӯза тақдири мамлакатро дар оянда муайян мекунанд. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонони тавоно, солим ва соҳибақл барои ҳар ҷомеа воҷиб мегардад. Калонсолон вазифадоранд, ки ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд. Ҷавонони кишвар захираи бепоёни нерӯ, ирода, қобилият, ғайрату матонат доранд ва қодиранд, ки тақдири миллатро муайян намоянд.

Бидуни истифода аз ин захираи бузурги энергетикӣ кишвар ва ҷомеа наметавонад оиди рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнӣ фикр кунад. Бењтарин роњи љалб намудани љавонон ба ободии кишвар тарбияи онњост.

Ҷавононро бояд насли пуртаҷрибаи калонсолон омӯзанд, ки истеъдоди худро дуруст истифода баранд, қобилияти худро буньёдкорона сайқал диҳанд, барои барпо кардан ва мустаҳкам намудани давлат кӯмак расонанд.

Агар ҷомеа нисбат ба ҷавонони худ бепарво бошад ва онҳоро ба таври самаранок тарбия накунад, ҷомеа метавонад ба ҷавонони харобкор ва хушунат дучор шавад. Ҳатто дарахту гулҳои боғро чунон парвариш намуд, то он зебогию хуррамӣ бахшад. Дар акси ҳол растаниҳо ва буттаҳо вайрон шуда, зебоии боғро безеб мегардонад. Ба ҳамин тартиб, кӯдак дуруст тарбия карда шавад, то ба ҷомеа нафъ расонад. Агар ба тарбия ва  нигоҳубини фарзандон дуруст ва сари вакт эътибор надиханд, он метавонад ноком шуда, бесамар гардад.

Барои ин ҷомеа бояд ҷавонони худро бо тарбияи дуруст таъмин намояд. Таҳсилоти додашуда бояд пешрав бошад, ба ниёзҳои ҷомеа мувофиқ бошад ва на танҳо мутахассисони барҷаста, дар соҳаи худ, балки одамони хубро низ ба вуҷуд оварад. Олимон бояд дар баробари таваҷҷӯҳи кофӣ ба соҳаҳои илм, варзиш, техника ва ғайра доштан ба манфиатҳои донишҷӯён низ ғамхорӣ  намоянд.

Мо аксар вақт оиди кӯдакони оилаҳои камбизоат ё бепарастор  мешунавем, ки натиҷаҳои фавқулодда ба даст овардаанд. Ин бори дигар шаҳодат медихад, ки ҷавонон ба корнамоиҳои бисьёр қодиранд. Ба онҳо танҳо роҳнамоии дуруст, омӯзиш ва муҳити мувофиқ лозим аст.

Ҳамасола 23 май дар кишвари мо Рӯзи Ҷавонон ҳамчун яке аз муҳимтарин санаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Нақш ва саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар хеле муҳим ва арзишманд аст. Имрӯз ҷавонони моро такягоҳ, умед ва ифтихори воқеии ҷомеа ва давлати тоҷикон медонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар то барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, барои имрӯзу рӯзгори онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам оварда истодаанд. Мунтазам дар суханронӣ ва баромадҳояшон қайд менамоянд, ки тарбияи насли ҳамаҷониба баркамол, дорои донишу малакаи замонавӣ, масъулиятшинос, аз ҷумла барои ояндаи арзандаи кишвар қодир, мақсаднок ва пайваста дар амалӣ намудани ҳадафҳои худ яке аз вазифаҳои таъхирнопазири замони мост.

Тарбияи насли наврас аз ҳарвақта муҳимтар аст, ки бояд воқеиятро дуруст арзёбӣ карда, ҳисси баланди масъулият дошта бошад. Дар сиёсати пешгирифта кори маънавию идеявӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ ҷои асосиро ишғол кард. Дар мамлакат насле ташаккул меёбад, ки ба тарзи нав фикр кардан, барои шаъну шарафи миллат мубориза бурдан, тақдири худро бо тақдири Ватан вобаста карданро медонад. Ҷавонон ҳамзамон мероси маънавии ниёгон ва арзишҳои умумибашариро аз худ мекунанд. Маънавият мафҳумест, ки то андозае камолоти ҷисмонӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ва сатҳи ҷаҳонбинии инсонро ифода мекунад. Аз ин лиҳоз, бояд насли даврони истиқлолият дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия карда шавад.

Ин равиш ба масъалахои инкишофи пай дар пай ва мувофики хамаи мархалахои системаи маорифи халк диққати махсусро талаб мекунад.

Албатта, дар баробари таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои пуртаҷриба дар самти ташкили самараноки раванди таълим, муҷаҳҳаз сохтани соҳа бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳим аст. Вазифаҳои таъхирнопазири ба вучуд овардан ва дар амал татбик намудани методикаи нави таълим, ангезонидани саъю кушиши хонандагон ба интихоби бошууронаи мустакилонаи касб, муносибати нав ба эҷодӣ китобҳои дарсӣ маҳз бо ҳамин мақсадҳо ба амал бароварда мешаванд.

Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи давлат ва насле, ки оянда дар пушти онҳост, аҳамияти ҷиддӣ мебахшад.

 

Мирзољонова М.Қ – мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like