ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТАҲДИДҲОИ НАВИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди худ марҳалаи нави таърихиро паси сар мекунад, дар пеши чашми мо раванди тағйирёбӣ аз як низоми иҷтимоиву иқтисодӣ ба низоми дигар рӯй медиҳад, ки бо шиддатёбии равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву идеологӣ дар ҷомеа ҳамроҳ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба хатари терроризм ва ифротгароӣ таъкид намуда буданд, ки “Рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризму экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо-Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Умуман, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёраи Замин таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ равона карда шавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.

Сарчашмаи ҷиддии таҳдиди берунаи ифротгароӣ ва терроризм ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа вазъи мураккаби низомию сиёсӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон мебошад, ки дар ин кишвар вақтҳои охир шиддати амалиёти ҳарбӣ ба мушоҳида мерасад. Мамлакати мо, ки дар Осиёи Марказӣ марзи аз ҳама тӯлонӣ бо Афғонистонро дорад, чандин сол боз бештар аз дигарон таҳдиду хатарҳо аз ҷониби ин кишварро эҳсос мекунад ва дар радифи аввали мубориза бо ин хатар қарор дорад.

Бобоев А. Х.-н.и.ҳ., дотсент мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like