Мулоқоти намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён
01 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова вохӯриро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард. Дар мулоқот мудири шуъбаи таҳсилоти дини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода, сармутахассиси раёсати иттиҳодияҳои дини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамирзода, сармутахассиси раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Насриддинзода ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода иштирок ва баромад карданд.
Дар мулоқот иштирокчиён перомуни татбиқ ва аҳамияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” маълумот доданд. Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ ба анҷом расид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







