АҲДШИКАНИИ ҚИРҒИЗИСТОН
Сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон давра ба давра ба минтақаи даргириҳои миёни сокинони маҳаллӣ ва марзбонони ду кишвар табдил мешавад. Сабаби ин минтақаҳое мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани сарҳади байни давлатҳо имконнопазир аст.
Ҳамаи амалҳои ношоиста аз он далолат медиҳанд, ки баъзе аз ашхосон то ҳол дарк накардаанд, ки мардуми тоҷику қирғиз ҳамсоя ва дўсту бародар аст ва ин пайванд таърихи садсолаҳо дорад. Дар замоне, ки вазъияти ҷомеаи муосир бисёр муташанниҷ аст ва хатар ба ҳамаи аъзои он таҳдид менамояд, мафҳумҳои «дўсту бародар», «ҳамсоя», «ҳаммарз» бисёр арзиши баланд пайдо мекунанд. Зеро танҳо дар якдилию иттифоқӣ ва ҳамфикрию озодахоҳӣ метавон амнияти Ватанро таъмин намуд.
Сарон ва мансабдорони Қирғизистон нақшаҳои шайтонии худро амалӣ карда истода, ду халқро ба ҳам душман карданд. Иғвогариҳои марзӣ аз ҷониби мақомоти Қирғизистон як воситаест, ки таваҷҷӯҳи мардумро аз тақсими қудрат дар ҷараёни муноқишаи байни президент Жапаров ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ташиев дур кунад. Дар Бишкек издиҳом дар назди бинои порлумон ҷамъ омада, хостори мулоқот бо раисиҷумҳур Талант Мамитов барои шарҳи ҳодисаҳои дар Бодканд шуд.
Изҳороти масъулони низомию сиёсии Қирғизистон дар робита ба марз бо Тоҷикистон ба амали онҳо мувофиқ нест. Вазири дифои кишвари ҳамсоя Бактыбек Бекболотов изҳор дошт, ки “байни қирғизҳо ва тоҷикон сулҳ нахоҳад буд”, зеро “қирғизҳо ҳақиқати худро доранд ва тоҷик ҳақиқати худро дорад”.
“То даме, ки миёни мо ҳакамон наистад, масъалаи мо ҳал нахоҳад ёфт”,- афзуд Бекболотов. Ба гуфтаи вай, мушкили таъйин ва аломатгузории марзҳо то ихроҷи аслиҳаи вазнин аз марзҳо ба амал наояд, идома хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таваҷҷӯҳи худро ба дарёфти комплекси зиддимушакии С-125 Печора-2БМ аз ҷониби ҷумҳурии ҳамсоя ҷалб кард, ки дар вилояти Бодканд ҷойгир хоҳад шуд.
Роҳи раҳоӣ аз бӯҳронро метавон бо ширкати миёнаравҳои байнулмилалӣ пайдо кард. Мумкин аст, ки тарафҳо мустақилона онро муайян кунанд, аммо то ҳол натиҷаи хуб нест. Агар қаблан, қирғизҳо ва тоҷикон танҳо ба сӯи ҳамдигар санг мепарронданд, ҳоло мушакандозҳо ва танкҳо омода карда шудаанд.
Зиддиятҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд, вагарна рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи минтақа ва созмонҳои ҳамгироӣ бо ширкати ин кишварҳо ғайриимкон хоҳад буд.
Азимова Н.С.- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосир