ДДҲБСТ: Раванди таҷрибаомӯзии амалӣ бо динишҷӯён
Дар якҷоягӣ бо шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дар асоси нақшаи кафедраи аудит ва ревизияи факултети баҳисобгирӣ ва андоз, мулоқот бо донишҷӯёни курсиҳои чоруми ихтисоси 1-25.01.11 аудит ва ревизия бо иштироки сардори аудити дохилии ҶДММ ТТ “ТАҶПРАФ” Раҳимов Ҳакимҷон Алиевич ташкил ва баргузор карда шуд .
Мулоқот оиди стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит аз рӯи масоили принсипҳо ва вазифаҳои бунёди ақидаи аудитор оид ба эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ, самтҳои истифодабарии хулосаи аудиторӣ ҳангоми асосноксозии қарорҳои идоракунӣ, ташкили назорати аудиторӣ аз болои корхонаҳои соҳа ва дорои шакли гуногуни моликият, методикаи гузаронидани санҷиши аудиторӣ дар корхонаҳо аз рӯи ҳамаи қисматҳои баҳисобгирӣ ва аудит, муносибати мутақобилаи корхонаҳо ва ташкилотҳои аудиторӣ дар гузаронидани аудит фаҳмонида шуд.
Мақсади гузаронидани ин вохурӣ аз он иборат аст, ки ба донишҷуён омода кардани мутахассиси хуб дар ихтисоси қабулкардаашон ва оянда бояд бо кадом равияҳо сазовори вазифа ва обрӯю эътибори баланд гаштанашон гузаронида шуд.
Донишҷӯён аз ин вохӯрӣ ба худ маълумотҳои зиёдеро гирифтан, зеро ки дар шароити ташаккули иқтисоди инноватсионӣ ва рақамӣ бо таъсири омилҳои объективӣ ба сатҳи тахассусии кормандони соҳаҳои иқтисод, хусусан мутахассисони соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит диққати махсус зоҳир мегардад.
Бинобар ин, ҷараёни ташаккули муносибатҳои замонавии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи муҳити ҳуқуқии бизнес ва пурзӯршавии рақобат талаботи навро ба мутахассисони соҳаҳои гуногуни фаъолият пешниҳод менамояд, аудит суди гузаронидани назорати молиявии ғайриидорӣ буда, назорати молиявии давлатиро иваз намесозад.




