Ҷавонон ва Иҷлосияи тақдирсоз
Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои таълимии 2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбарону намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, фаъолҷавонон иштирок ва перомуни Иҷлосияи тақдирсоз ва нақши он дар расидан ба сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ баромад карданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова иштирокчиёнро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз табрик карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар гиромидош ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва суботу амнияти кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар идома, чанде аз ҷавонони фаъоли вилоят баромад карданд. Иброз шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид, илова шуд дар идома.
Ҳамзамон иштирокчиён перомуни вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар ибрози андеша карданд.




