Намоиши асарҳои Пешвои миллат ба ифтихори 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсоз

Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ муаррифии асарҳои Пешвои миллат ва маводҳои нашрӣ оид ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти намоиш аъзои фаъоли “Махфили китобхонон” донишҷӯи курси 4–уми факултети ҳуқуқшиносӣ Ҳошимҷон Омонов баромад намуда гуфт, ки бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили 30–солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.
Дар идома, донишҷӯён қайд карданд, ки мо – ҷавононро лозим ва зарур аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати миллиамон бошем ва ҳамзамон таъкидҳои дурандешонаи Сарвари давлатамонро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Китобдорони китобхонаи илмии донишгоҳ иброз доштанд, ки бахшида ба ин ҷашни таърихӣ намоиши китобӣ ва муаррифии асарҳои Пешвои миллатро баҳри донишҷӯёни факултетҳои дигар ба роҳ хоҳанд монд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like