ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ҚУВВАРО ДАР ҶОИ АВВАЛИ ГУЗОШТАНИСТ

Ҷанг ва дипломатия ин ду воситаҳое мебошанд, ки инсоният дар тули мавҷудияти худ аз онҳо истифода бурдааст ва мебарад. Ҷанг агар харобӣ орад, дипломатия дўстӣ ва ҳамкориро миёни давлатҳо бештар менамояд. Дар тули таърих ҳодисаҳои истифода намудани қувва ё ҷанг миёни давлатҳои гуногун борҳо рух додаанд. Аз қабили ҷанги садсола, ҷангҳои Чингизхону Темур, ҷанги якуми ҷаҳон, ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷангҳои дигари хурду миёна миёни ду ва зиёда давлатҳо рух додаанд, ки дар натиҷа харобиҳои калон ва талафоти бузурги ҷониро ба бор оварданд. Ҳамаи ин даҳшату ваҳшонияти ҷангро дида ҷомеаи ҷаҳонӣ баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Созмони Миллали Муттаҳидро таъсис дод, ки мақсади аввалиндараҷаи он ин пешгирии ҷангу низоъ ва ҳал намудани тамоми муаммоҳои мавҷудбудаи дуҷониба ва бисёрҷониба бо роҳи гуфтушунид (дипломатӣ)  мебошад.  Вале бо вуҷуди ҳамаи даҳшату ваҳшонияти ҷанг, мавҷуд будани созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаи пешгирии ҷангу низоъҳҳо имрўзҳо ҷангу низоъҳҳо пурра бартараф ва пешгири карда нашудаанд. Дар ин асно пеш аз ҳама дар сар задани ҷангу низоъҳҳо  давлатҳои манфиатдор ва сиёсати нодурусти сиёсатмадорони дохилидавлатӣ боис мегарданд. Хусусан дар замони муосир сабаби бештари чангу низоъҳо ин бозиҳои давлатҳои манфиатдор (абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ) барои мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии худ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Минтақаи Осиёи Марказӣ низ истисно набуда, баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ  барои мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии худ дар минтақа давлатҳои манфиатдор  мубориза намуда истодаанд. Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо баъд аз ба даст овардани истиқлолият, табаддулотҳо ва ғасби ҳокимият дар Ҷумҳурии Қирғизистон, кушиши ғасби ҳокимият дар Ҷумҳурии Қазоқистон инчунин ҷангу низоъ  ва ғасби ҳокимият аз ҷониби толибон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Инчунин оғози нооромиҳо дар Ҷумҳурии Украина вазъияти мавҷудбударо боз ҳам мураккабтар намудааст.

Дар чунин вазъият давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ҳама амалҳои хатароваре, ки боиси ноором ва сар задани ҷангу низоъ дар минтақа мегарадад худдорӣ намоянд.

Вале ҷои таассуф аст, ки баъди ба сари қудрат омадани сарвари нави Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои он бо кишвари мо сол аз сол мураккабтар шудаистодаанд. Дар ин муддат чанд маротиба миёни сарҳадбонон ва аҳолии осоиштаи наздисарҳадӣ задухурдҳо ба вуқуъ омаданд, ки мутасифона бо талафоти ҷонӣ анҷом ёфтаанд. Хусусан дар соли ҷорӣ низ чунин задухўрдҳо ба амал омаданд, ки ду маротибаи он ба бархўрди  мусалаҳонаи артиши ҳарду кишвар ва талафоти калони ҷонию молӣ анҷом ёфт. Ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон кишвари моро дар оғози ҷангҳои мусаллаҳона гунаҳкор менамояд. Ҳол онки кишвари мо ҳеҷ зарурат ба ноороми дар сарҳади худ надорад. Чунки дар қисмати сарҳадии ҷануби кишвар баъди аз ҷониби толибон гирифтани ҳукумати Афғонистон вазъияти хеле мураккаб гардидааст. Дар онҷо гурўҳҳои террористӣ панаҳ шуда хатари ба кишвари мо зада даромаданашон ба маротиб афзудааст. Аз ин лиҳоз ҳеҷ зарурат барои Тоҷикистон нест, ки дар сарҳади шимолии худ ҷангро оғоз намояд, зеро дар як вақт дар ду ҷабҳа муборизаи мусаллаҳонаро бурдан барои кишвари мо имконпазир мебошад. Баракс чунин ба назар мерасад, ки вазъияти душвори сарҳади ҷанубии Тоҷикистонро ба назар гирифта аз вазъияти ба вуҷуд омада Ҷумҳурии Қирғизистон истифода бурданист. Коршиносон задухўрдҳоии сарҳадиро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таҳлил намуда, қайд менамоянд, ки солҳои пеш бештари задухўрдҳо миёни шаҳрвандони дар назди сарҳад қарордошта сармезаданд, ки ба зудӣ ва бе истифодаи яроқу аслиҳа ҳал карда мешуданд. Вале чунончи дар боло зикр намудем баъди омадани ба сари ҳокимият Президенти нави Ҷумҳурии Қирғизистон вазъият дар сарҳади шимоли Тоҷикистон мураккаб гардид. Чунин ба назар мерасад, ки Ҷумҳурии Қирғизистон бо василаи ин ҷангҳои кутоҳмуддат, имкониятҳои ҳарбии худ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро месанҷад. Яъне нақшаҳои ҷангии худро тартиб дода камбудиҳо ва норасоиҳои ҳарбӣ-техникии ҷойдоштаи худро хубтару беҳтар менамояд.

Дигар чизе, ки гувоҳи ниятҳои ғаразноки Ҷумҳурии Қирғизистонро  нишон медиҳад ин нафрати мардуми қирғизро нисбати мардуми тоҷик зиёд намудани ҳукумати имрўзаи Қирғизистон тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Агар Ҷумҳурии Қирғизистон нияти ҷангу низоъ надошта бошад, мебоист, ки доир ба масъалаи сулҳу субот, гуфтушунид, дар ҳама сатҳи чи давлатӣ ва чи ҷамъиятӣ ташвиқу тарғиб менамуд. Вале дар расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар бобати бо роҳи қувва ҳал намудани муаммои сарҳадиро ёдрас мешаванд. Ҳаргуна наворҳои тарғиботиро оиди харидорӣ намудани яроқҳои замонавӣ бахусус тайёраҳои бесарнишинҳои гуногунҳаҷму хислати ҷангӣ доштаро намоиш медиҳад. Болои ин бо вуҷуди вохўрии сеҷонибаи сарони давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон (13.10.22) як рўз пеш аз ин вохурӣ як гурўҳи корӣ бо роҳбари раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчинбек Ташиев ба Ҷумҳурии Туркия барои харидории тайёраҳои бесарнишини намуди нав «Акинджи»  рафтанд. Дар ин бора мақола дар шабакаи иҷтимои SPUTNIK «ru. sputnik.kg» таҳти номи «Кыргызстан приобрел новейшие «Байрактар Акынджы» (12.10.22. соати 19:39)  баромад. Раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчинбек Ташиев дар назди ин тайёраи бесарнишин расм гирфта дар шабакаи иҷтимоӣ партофтааст.

Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон нияти бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани муаммои сарҳадиро надорад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ корхонаи истеҳсоли тайёраҳои бесарнишинро дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба истифода доданд. Алакай корхона маҳсулоти худашро бароварда истодааст. Лекин бо вуҷуди ин Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус намояндагони воломақоми ҳарбӣ – сиёсӣ бо вуҷуди доштани чунин корхона ва истеҳсоли чунин тайёраҳо худнамоӣ накардаанд. Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти муноқишаи сарҳадӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ аз тайёраҳои бесарнишин истифода набурдааст. Болои ин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳое, ки метавонад ба мо чунин техникаро фурушад ягон мушкилинадорад ва имконияти харидори намудани чунин тайёраҳоро  аз лиҳози молиявӣ низ дорад.

Дар охир ҳаминро бояд гуфт, ки тамоми муаммоҳои ҷойдошта ва пайдошударо чи дар муносибатҳои дуҷониба ва чи бисёрҷониба бояд бо роҳи гуфтушунид ҳал намоянд. Давлатҳои дигар минтақаи мазкур нагузоранд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ҷои разму қувваозмоии давлатҳои манфиатдор гардад.

Давлатов У.Н. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

You might also like