ВАҲДАТ ҶАВҲАРИ ФАЛСАФАИ СУЛҲОФАРӢ АСТ

Беҳтарин сохти давлатдорӣ барои ҳамагуна халқ ҳамон аст, ки агар он сохт иттиҳоду ягонагии давлатро нигоҳ дошта тавонад.

Мишел Монтен

Миллату халқҳо ҳамеша ниёз ба раҳнамое доранд, то дар ҷабҳаҳои инкишоф муваффақ гарданд ва ҳамзамон на ҳар фарде барои ин халқу миллат раҳнамо буда метавонанд. Он андеша саҳеҳ аст, ки то фарде аз баҳри ҷони худ дар байни як миллат нагузарад, наметавонад он миллат сарҷамъ ояду ташаккул ёбад ва ин қонуниятро аҳли башар дар таърихи ҳазорсолаҳои инкишоф борҳо шоҳид гаштааст.

Садҳо асарҳои файласуфону адибону коршиносон воқеъияти ин андешаро собит кардаанд. Боз ҳам қонунияти дигаре ҳаст, ки миллатҳо гули худрӯ нестанд ва мисоли дарёи баҳори яку якбора ташаккул намеёбанд ва дар роҳи ташаккул ба сад монеаву хатарҳо дучор мешаванд. Ваҳдатҳо ва раҳнамоии фарзандони алоҳида боис гаштанд, ки онҳо аз ин вартаҳо наҷот ёбанд. Таҷрибаҳои фарҳанги сиёсӣ собит кардаанд, ки ҳар як ҳокиме, дар сари қудрат қарор дорад, дар мадди аввал бояд ба тамоми васила аз ҷангу мухолифат пешгири намояду онро нест намояд. Маҳз ин омил сурату сирати роҳбарии он ҳоким ва муҷиби бунёди давлат ва нигаҳдошти он дониста мешавад. Дар ҷаҳони феълӣ кам нестанд роҳбарони алоҳидае, ки бо назардошти манфиати фардӣ амал кардаву халқу миллати худро ба нобудиҳо бурдаанд. Ин ҷараён танҳо хоси имрӯз нест. Замоне Муҳаммад Хоразмшоҳ ин амалро анҷом дода буд ва ин боис гашт, ки душман ба осонӣ халқи бузургро сар бурад. Аммо дар ҳолати баръакс тоҷик имрӯзу дирӯз аз Исмоили Сомонӣ барин раҳнамои худ мояи ифтихор дорад. Тамоми халқҳои рӯи замин бидуни раҳнамоеву пешвое ба ҷое нарасидааст. Дар саҳифаҳои таърихи имрӯза тоҷику узбек, қазоқу муғул, арабу ҳинд, чиниву англис, русу фаронсавӣ ва даҳҳо дигар аз фарзандони содиқу ҷонфидову раҳнамои худ мефахранду номи онҳоро дар саҳифаи заррин сабт кардаанд.

Чи хушу гуворо аст, вақте халқе мешунавад, ки пешвояш давлатро дар заминаи қонунҳо идора менамояд, зеро қонун иродаву садои халқ аст, ки онро пазируфтааст. Ин гуна пешво халқи худро дар заминаи қонуну қолабҳои бонизом хеле осон ба пешрафту таҳаввул муваффақ гардонида метавонад, ки ин маънии зиндагии шоиста донисстани он миллату давлатро дорад. Қонунмандиву қонунписандии ҷомеа мӯҷиби он мешавад, ки халқе дар доираи низому ахлоқи шоиста муттаҳид шавад ва маҳз дар заминаи ин иттиҳод барои онҳо Пешвое аз байни ин халқ ба миён меояд. Пешво дар ҷомеаҳои алоҳида кафили суботу муттаҳидии халқ аст ва ба раҳнамоии як нафар барои даҳҳо насли оянда ҷомеаву давлати солиме ба мерос монда метавонад. Ҳамон вақт ҷомеа соҳибпешвост, ки агар дар он ҷомеа иттиҳоду сулҳу оромиву эътимод ҳукмрон аст. Барои амиқ гаштани ин бовар ҳолати баръакси онро таҳқиқ бояд кард, ки чист? Мушоҳида бояд кард, ки заиф будани пояҳои қонун ва набудани як пешвову раҳнамо дар атрофи мо халқҳои зиёдро чи гуна дар оташи ҷангу низоъ андохтааст.

Барои ҳар як халқ худогоҳиву хештаншиносӣ шарти муҳими таҳаввулу ташаккул ба ҳисоб меравад. Аз рӯи таҷрибаҳову ақоиди маълуми иҷтимоӣ маълум аст, ки халқе бо адами худшиносии миллӣ ва бидуни ифтихоре ба гузаштаи худ наметавонад, ки дар ҷодае мавқеъ пайдо намояд. Ин ҳолату тақдиршаклгирии давлату миллатҳо бештар “ба партовгоҳе монанд мешаванд, ки дар гирди он лошахурҳо ҷамъ мешаванд”. Тақдирсозӣ дар атрофи чанде аз кишварҳои алоҳида (афғонистон, Сурия, Фаластин ва ғ) дар шароити имрӯза далели гуфтаҳои болост. Намунаи онро дар мисоли давлату кишварҳои зиёде дида метавонем, ки маҳз бо авомил ба шикастҳову парокандагиҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштаанд. (Муаммар Кадафӣ, Лубнон). Муборизаҳои феълии раванди ҷаҳонишавӣ бештар дар зери пардаи ҳамин шиор идома дорад. Ҳамин аст, килахҳои алоҳидаи мазлум наметавонанд, ки марзу буми аҷдодии худро мушаххас пайдо созанду соҳиб шаванд.

Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад вақте, ки дар ҷомеа ваҳдату якдигарфаҳмӣ мавҷуд нест. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳои худ изҳор дошта буданд: Омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.

Шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ дар ҳамон вақт баъди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон чунин мисраъҳоро эҷод намуд:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Воқеъан ҳам Созишномаи истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба ваҳдати миллист. Ваҳдате, ки зиёда аз 25 сол ҷомеаи тозабунёди мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин солҳо ҷомеаи мо тавонист, ки дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба риёзияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба чанд соли душворӣ бунёдкориву созандагӣ назар мекунем., мебинем,  ки чӣ гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад. Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти  миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати муддатан кутоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама нерӯъҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат ҳастанд ва дар баробари ин дарки неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввуминдараҷа доранд. Раҳоӣ бахшидани кишвар аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳила мебошад. сохтмон ва таъмиру таҷдиду ҳазорҳо мактабу кудакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун оина дар пешорӯи худ мебинад.

Хулоса ба ибораҳои Пешвои миллат Ваҳдати миллӣ дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоди миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

 

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like