КЎШИШҲОИ ТЭТ ҲНИ БЕАСОС ВА ИҒВОГАРОӢ МЕБОШАНД

Дар замони навини таърихи инсоният рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ-экстремистии байналмилилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст. Масоҳати фаъолияти ин гуна ташкилотҳо рўз ба рўз ҳудуди кишварҳои алоҳидаро фаро гирифтааст ва хусусияти фаромилӣ ва глобалиро касб намуда истодааст.

Маъмулан, хатари ин зуҳуроти номатлуби замони муосир боиси аз байн бурдани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардидааст ва сабаби сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ, муноқишаҳои мазҳабӣ гардидааст. Бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи гурўҳҳои террористӣ ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра зери хавфу хатар монда, ҳазорҳо нафар одами бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд.

Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоснок мегардад: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Ҷолиби қайд аст, ки мутаасифона имрўз бархе аз мардуми кишвари мо аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои нопок гардида ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил мегарданд.

Масъалаи маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасад, зеро баланд бардоштани дониши дурусти динӣ ва дунявии мардум метавонад омили паст шудани ҷалби мардум ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар ҷомеа гардад.

Дар ин васила боиси афсус аст, ки дар барномаҳои ТЭТ ҲНИ дарки дурусти омўзиши дини мубини Ислом ба роҳ монда нашуда буд. Онҳо барномаҳои таълимию тарбиявии муттаҳидсозиро барои худ пеша накарда буданд. Яке аз сабабҳои тақсимшавии ҷомеаи мусулмонон дар рўйи олам ин гурўҳсозӣ ва парокандагӣ мебошад.

Имрўз дар ҷомеаи исломӣ – радикалӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусалмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомонии мусалмонон  аз дунёи пешрафта ва дар натиҷа сар задани ихтилофоти ҳизбӣ мегардад.

Тавре таҷриба шаҳодат медиҳад, аз амалҳои ТЭТ ҲНИ бармеояд, ки мақсаду мароми он дар байни мардум тафриқа андўхтан, халалдор шудани зиндагии осоишта, гумроҳ кардани мардуми Тоҷикистон  мебошад. Оқибати ихтилофот бадбахтист, ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои мусулмонишин мардум бо нидои «Аллоҳу акбар» дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани мусалмони  бегуноҳ ҷиҳод аст. Магар шахси маргталаб шаҳид аст? Ҳаргиз не! Дини ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат раҳмату шафқат аст. Бинобар ин мо бояд Ваҳдати миллӣ таҳаммулпазириро нигоҳ дорем ба қадри тинҷию оромӣ бирасем ва намонем, ки дар байни мардуми шарифи тоҷик ғояҳои номатлуби ТЭТ ҲНИ ҷорӣ гардад.

Дар замони муосир воқеаҳои кишварҳои Сурия, Ироқу Афғонистону Яман ба мо бояд дарси ибрат бошад. Шукронаи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ намуда, бо садоқат ба Ватани хеш хиёнаткор нашавем.

Хеле афсўс, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ муқаддасоти исломро барои худашон пеша накарданд. Онҳо дар ҳаёти сиёсии худашон аз номи дини мубини ислом байни мардум лофи беҳуда заданд.

Ҷолиби қайд мебошад, ки таърихан дар ҳама давру замон таълимоти динӣ, дин ва ташкилотҳои динӣ оид ба ҷараёнҳои сиёсӣ, муносибатҳои байнидавлатӣ таъсири муайян расонидааст. Ҳадафҳои беҳтарини он аз дуруст фаъолият намудани онҳо нисбати рушди инкишофи давлату давлатдорӣ ҳатто метавонанд таъсири мусбӣ расонад.

Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоҷикистониён иғвоандозию моҷарои сиёсӣ, ҷангу низоъ, оташандўзии қавмию гуруҳбозӣ ва динию мазҳабиро, ки дар аввалҳои соли 90-уми қарни гузашта аз сар гузаронид, нағз медонад. Нисбати амалҳои беасос, иғвогароию дасисабозиҳо, фиребӣ, ҳиллагароӣ, мансабталошии ТЭТ ҲНИ (Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ) нағз хабардор мебошанд. То имрўз ҳазорон модарони миллат оқибатҳои ҷанг, дарду доғи фарзандон, шавҳарро аз хотир фаромўш накардаанд ва карда ҳам намешавад.

Аз нуқтаи назари соҳаи илм, ҳама гуна ахбороти паҳн карда шуда, маълумоти дар он ҷой дода шуда бояд ба ягон асос такя намуда бошад. Таърих шаҳодат медиҳад, ки дар кадом гўшаю канори олам, давлату шаҳр, деҳаҳо чӣ қадаре ҷамъомадҳо ва гирдиҳамоиҳо ҳама гуна ҳизбҳо, ташкилот ва дигарҳо накарда бошанд, мақсаду ҳадафҳои ғаразнок ба мақсади худ намерасад. Пайваста ба ин, ахбороти беасос паҳн карда шудаи ҳама гуна ҳизбҳою ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар кишвар танҳо бо мақсади иғвоандозӣ, ноором намудани афкори ҷамъият равона карда мешавад.

Мақсад ва ҳадафҳои мубориза бо терроризму экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳама вақт зери диққати давлату ҳукумат, ҷамъият қарор гирифтааст. Маълум мебошад, ки терроризму экстремизм, ки ҳадафҳои ғаразнок доранд ба ягон хел хубӣ, беҳбудӣ ба ҷамъият, бо паҳн намудани ҳама гуна иттилооти дурўғу нимдурўғ намеорад. Агар меовард, натиҷаҳои онҳоро фақат барои беҳтар намудани зиндагии арзанда ҳар яки мо истифода мебурдем.

Аз хориҷи давлат қарор гирифта паҳн кардани ахбороти беасосу дурўғ, аз ҷумла суханронии наҳзатиён фақат танқиду бадбиниҳо, таҳқиру хиёнатҳои бардурўғ нисбати сиёсати давлати мо мушоҳида мешаванд. Лекин, ягон навиштаҷоте, сухане нисбати сиёсати сулҳҷўёна, созандагию бунёдкоронаи давлати имрўза иброз намегарданд.

Имрўз насли созандаю тавоно барои ҳифзи истиқлолияти давлат ақлу заковат, имону виҷдон, ҳушёрии сиёсии худро аз даст намедиҳанд ва ягон хел кўшишҳои ахбороти беасос паҳнкунӣ таъсир расонида наметавонад.

Самадов Б.О. – дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like