АМНИЯТИ МИЛЛӢ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД
Амнияти миллӣ яке аз масъалахои муҳимтарини чомеъа мебошад, ки он ҳифзи шахсият чамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зидди ҳуқуқӣ таъмин менамояд.
Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат муқаддасу мӯътабар бошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад.Таърихи гузаштаи миллати мо онро нишон медиҳад, ки дар он шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи тавоно ва ғурури миллӣ кору фаъолият намудаанд, ки барои ҳимояи Ватани хеш ҷонфидоиҳои қаҳрамонона кардаанд.
Талошу набардҳои мардонаи Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, С.Айнӣ, Ш. Шоҳтемур, Н. Махсум, Б. Ғафуров ва дигарон баҳри дифои манфиати миллати худ равона карда шуда буданд.
Чунин талошҳои Ватандӯстона баҳри пойдории амнияти миллӣ мусоидат намуда, самараҳои хурсандибахш хоҳад дод.
Бояд зикр кард ки имрӯз қувваҳое ҳастанд, ки барои ноором кардани вазъият ва халалдор кардани амнияти миллии ин ё он давлатҳои ҷаҳони муосир ҳавасманд мебошанд.
Бинобар ин онҳо ҳар гуна равияҳоро аз он ҷумла равияҳои миллиро дастгирӣ намуда, вазъиятро дар ин ё он минтақа халалдор намуда барои амнияти давлатҳо хатарҳоро ташкил менамоянд.
Масъалаи асосии амнияти миллӣ ин ташаккул ва таҳкими доимии шуури худшиносии миллӣ ва пойдевори он аз шуури муқаррарӣ замина мегирад.
Муҳаққиқон дуруст зикр намудаанд, ки системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар тавозун бо тахрибкорӣ нисбати шуури миллӣ, на танҳо баробар, балки зарур аст чанд зина болотар биистад. Ҳадафи ҳуҷуми иттилоотии душман маҳз ба шуури муқаррарӣ ва психологияи ҷамъиятии давлатҳои миллӣ равона карда шудааст. Тамоми нафароне, ки таҳти таъсири назарияи террористӣ мегарданд, ба ин ташкилот ворид мешаванд, зери таъсири «худшиносӣ»-и дигаре боқӣ мондаанд. Ин силсила ҳадди аввалу охир дорад. Оила, авлод, кӯча, маҳал, деҳа, умуман тамоми сохторҳои ҷомеаро, ки барои солимгардонии тақдири хеш манфиатдор ҳастанд, зарур аст аз пайи ҳамин «худшинохта»-е бошанд. Онро муайян созанд. Ислоҳ намоянд. Вагарна, ин вабо метавонад ҷомеаро пурра сироят кунад.
Дар структураи аввали шуури ҷамъиятӣ – «моли тоза»-и ҳар фард заминаи аслии муносибат ба Ватан, Миллат, Падару Модар, дӯстон, эътиқодот, умуман муҳити ҷисмонӣ ва маънавии атроф шакл мегирад. Ва муҳимтар аз ҳама, мундариҷаи муносибат ба моҳияти ин истилоҳот муайян мегардад. Рафторҳои иҷтимоӣ аз онҳо вобастагӣ пайдо мекунанд. Барои пешгирии ҳама гуна таъсири номатлуб ба структураи шуури муқаррарӣ, муайян кардан, донистани муносибатҳои фардӣ, гурӯҳӣ ва дигар омилҳои муассир дар доираи манфиатҳои миллӣ аз муайянкунандаҳост.
Ҷомеаи имрӯзаи моро зарур аст, ки бар зидди ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ва таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ дар ҳамбастагии комил бо қишрҳои солиму созандаи ҷомеа фаъолона мубориза баранд.
Чуноне, ки дар суханрониҳои Сарвари кишвар борҳо таъкид гардидааст ҳар як фарди ҷомеа бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳад.
Ин нукта, хусусан дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ амри замон аст, зеро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон имрӯз ҳаракату, ҷараёнҳои ифротӣ зиёд ба назар мерасанд, ки бешубҳа ба амнияту суботи ҷомеа таҳдид менамоянд.
Ҷомеаи имрӯзи мо қодир аст, ки ба равандҳои мураккаби ҳаёти имрӯза баҳои ҷиддӣ диҳад. Ҳамчунин тамоми имкониятҳоро дорост, то ки зидди ҳаргуна амалҳои нангин мавқеъ ва муборизаи худро равон созад. Инро мо дар мисоли андеша ва муборизаи аҳли ҷомеа зидди хиёнати ТЭТ ҲНИ мушоҳида намудем.
Чунончӣ, фармудаанд;
Ҳар ки бар душмании халқ равон аст, чу баҳр
Зуд бошад, ки сари хеш чӯ гирдоб хӯрад.
Мо зидди ҳаргуна зуҳуроти номатлуб ва бегонапарастӣ буда, онҳоро маҳкум месозем.
Алимов Б.Ҳ. – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ