МАНФИАТ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Дар замони ҳозира масъалаи амнияти иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо аз паҳлуҳои муҳими амнияти миллии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷаҳони муосир дар бархӯрди манфиатҳо ва муборизаи геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Ҳамчунин, ҷаҳони муосир ба муаммоҳои терроризм, экстремизм, гардиши маводи мухаддир ва муаммоҳои экологӣ дучор гардидааст. Боиси тазаккур аст, ки барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи замони муосир қудрати як давлат намерасад ва аз ин ҷо муттаҳидии давлатҳои ҳамҷавор ва минтақаҳои бузург зарур аст.
Истиқлолияти давлатӣ имконияти фарохро баҳри амалӣ кардани манфиатҳои миллии давлат шароит фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибати байналхалқӣ узвияти хешро дар як қатор созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дорад. Дар марҳилаи соҳибистиқлолияти давлатӣ фаъолияти институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бештар ба назар мерасанд.
Қобили қайд аст, ки фаъолият ва таъсири васоити ахбори умум ҳамчун шохаи чоруми ҳокимият ба дараҷаи сифатан нав баромад. Инҳо-фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо, роҳ ёфтани арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ба мисли озодии сухан ва озодии баён ба ҷомеаи мо иртибот дорад.
Глобализатсия бо тамоми тазодҳояш ба ҷомеаи муосири мо марҳила ба марҳила бештар таъсир мерасонад. Дар ин асос мақоми расонаҳои ватаниву хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишвар афзун мегардад ва ҳамчунин доир ба амнияти иттилоотӣ бештар баррасӣ карда мешавад. Дар мавриди мубоҳисаҳо ва баррасиҳои муборизаҳои иттилоотӣ, ҳадафҳои геополитикӣ, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва мисоли инҳо истилоҳи амнияти иттилоотӣ истифода карда мешавад.
Ҳар як давлат дар ин муборизаву бархӯрдҳо бояд манфиати миллии хеш ва амнияту осоиштагии мардумашро вазифадор аст, бо ҳар усулу васила таъмин созад. Дар ҳама давру замон ҳам чунин буд. Аз давраҳои қадим то замони муосир масъалаи зикршуда яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб мерафт. Амнияти иттилоотӣ аз давраи пайдоиши давлат дар шаклҳои мухталиф арзи вуҷуд менамуд. Амнияти иттилоотӣ ҳимояи комил, дастрасӣ ва махфияти ахборотро таъмин месозад. Дар санад ва меъёрҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба амнияти иттилоотӣ ишора гардидааст.
Ҷаҳони имрӯза – ҷаҳони пуртазод аст. Имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи кишварҳои дигар, алалхусус дар роҳи рушд қарордошта зиёд ба мушоҳида мерасад. Яке аз воситаҳои таъсирбахш ба воқеаҳои хунини Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Либия ва амсоли инҳо ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.
Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст ва ҳеҷ як иттилоот бидуни ҳадаф пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат иттилооти дилхоҳ дар олам паҳн мегардад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як шаҳрванди комил бояд манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар мадди аввал гузоранд.
Сайфиддинов А. – мутахассиси шуъбаи тарбияи ДДҲБСТ