ҚИРҒИЗИСТОН: ДУГОНИКҲОИ САРХӮР
Ҳамчун нишони амиқи дурўягиву мунофиқии С. Жапаров он ҳолат баромад мекунад, ки вақте вай дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуда, табассумҳои бардурўғи дўстонаро нисбат ба шарикон дареғ надошта, дар ҳар мавриди мувофиқ онҳоро оиди муносибати сулҳҷўёна ва ҳалли мусолиҳатомезу ниҳоии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бовар кунонидан мехост, дўсти қарину ҷиноятпешаи ў Қ. Ташиев ҳуҷуми шадиду оташи нишонгирро бар муқобили ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистон оғоз намуд.
Саволе ба миён меояд, ки агар сатҳи масъулият дар ҳали ин масъалаи барои ҳарду тараф бениҳоят муҳим Ҷумҳурии Қирғизистонро на барои баёни даъвоҳои беасосу пуч ва таҷовузи мусаллаҳона, ки ба сиёсати ин мамлакат хос аст, балки ба созиш ва қонунӣ будани ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ҳудудҳои баҳснок водор намояд, барои чӣ давлати номбаршуда нисбат ба ҳамсояи худ чунин рафтор менамояд? Вале на Жапаров ва на Ташиев моҳиятан ба матлаби гуфтушунид сарфаҳм намераванд. На танҳо худашон сарфаҳм намераванд, балки ҷомеаро низ ба гумроҳӣ медароранд. Дар ин маврид онҳо бештар ба қишри тангназару чаласавод ва зудбовар такя менамоянд. Оё касе аз хонандагон медонад, ки аз тарафи ҳукумати шўравӣ 210 га заминҳои қадимиву аҷдодии тоҷикон барои истифодаи муваққатӣ ба кўчманчиёни қабилавии қирғиз дода шуда буд? Охирҳои солҳои 80-ум тибқи ҳуҷҷат таҳти имзои раиси Шўрои вазирони ҶШС Тоҷикистон И. Ҳаёев дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ 350 га замин ҷудо шуда буд. Ин заминҳо то ҳол ба Тоҷикистон баргардонида нашудаанд. Вале ба сифати далели «ҳақ» будани худ ва ваҷҳи ягона тарафи Қирғизистон харитаи ҷуғрофиро бо аломату навиштаҷоти номуайян пешниҳод менамояд. Тарафи Тоҷикистон нисбат ба ин масъала дар ихтиёр далелҳои раднопазирро дар ихтиёр дорад, ки бо фактҳои таърихиву маълумоти харитаҳои ҷуғрофӣ ва топографӣ тасдиқ карда мешаванд.
Жапаров ҷаласаи Шўрои бехатариро оид ба вазъи сарҳад дар вилояти Ботканд баргузор намуд. Вале оё дар Қирғизистон ҳаст ягон нафар депутати дорои ақли солим, ки роҳбарони бо гузаштаи ҷиноятии худро ҳушёр намояд? Нафаре ки талаботи қонунро медониста бошаду пурсад: «Кӣ оташи ҷангро аланга дод?» ва пас аз он гунаҳкоронро ба ҷазо маҳкум намояд. Ё ҳама пойбанди коррупсия ва талаву тороҷи сарвати миллӣ – конҳои тилло гашаанд?
Не, дар паси пардаи тамоми ин бесарусомониҳо дугоникҳои сархўр – Жапаров-Ташиев истодаанд, ки оқибат ду халқро ба фалокату бадбахтӣ мебаранд. Ин иғвогаронро дарси қаблии ҳимоятгарони Тоҷикистон ва ҳикмати қадима оид ба он ки «Касе ба мо бо шамшер дарафтад, аз шамшер кушта мешавад», ибрат набахшидааст.
Вале ҳақиқат чунин аст, ки аҳолии Ворух, ки 45 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар ин сарзамин дар давоми қарнҳои дурудароз зиндагӣ мекунанд, ки ҳолати мазкур бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ тасдиқ гашта, дар ҳуҷҷатҳои илмиву ҷуғрофӣ ва картографӣ инъикос ёфтаанд. Ворух ҳамеша ҳудуди шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар санадҳои давлатӣ оид ба заминсозӣ муқаррар карда шудааст. Зиёда аз он, масъалаи мазкур дар маводҳои тақсимоти милливу ҳудудии солҳои 1920-1930 ба расмият дароварда шудааст.
Имрўз бошад, Қирғизистон беасос ба ҳудуди ҷамоатҳои Сурх (32 ҳазор тоҷикон), Чоркўҳ (43 ҳазор тоҷикон) ва Ворух (45 ҳазор тоҷикон), ки дар маҷмуъ 120 ҳазор аҳолии муқимӣ – тоҷикон ва ду маротиба камтар қирғизҳо – 60 ҳазор сукунат доранд, даъво дорад. Албатта аҳолии муқимӣ аз ин даъвоҳо ҳам норозӣ ҳастаду ҳам хавотир. Нуқтаҳои аҳолинишини Равотковут, Қарабоғ, Самарқандак, Оқ-Татир, Говсувор, Тош-Тумшуқ, Қоқ-Тош, Танги, Оқ-Сой ва ҳудудҳои ба он наздик низ ҳудудҳои аслии ноҳияи Исфара (волости Исфара) ҳисоб меёбанд. Дар натиҷаи фаъолияти комиссияи муштарак оид ба муайян кардани истифодаи обу замин солҳои 1958-1959 ин ҳудудҳо аз ҳудуди асосии ноҳияи Исфара канда гирифта шуда, ба ҳудуди истифодаи замини ноҳияи Ботканди вилояти Ош ҳамроҳ карда шуда буданд. Вале маводҳои комиссияи муштарак аз солҳои 1958-1959 расмиёти ҳатмии тасдиқнамоиро, ки Конститутсияи Иттиҳоди Шўравӣ аз соли 1936 муқаррар намуда буд, нагузаштааст ва мутаносибан онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқи конститутсионӣ хотиманаёфта ҳисобида мешаванд.
Вобаста ба ҳолати баёншуда то имрўз оид ба Ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ доштани ҳудудҳои номбаршуда ягон ҳуҷҷат қабул карда нашудааст ва бинобар ин онҳоро барои ҳарду ҷумҳурӣ баҳснок ҳисобидан мумкин аст. Бинобар бо заминҳои мазкур «ихтиёрдорӣ» кардани Жапаров-Ташиев на асоси ҳуқуқӣ ва на ахлоқӣ дорад. Бинобар ин аз ҳалли масъалаҳои мазкур дар асоси ҳуқуқӣ саркашӣ карда истодаанд, зеро дар ин маврид, ҳангоми тақсимоти ҳудудҳо ногузир мағлуб мегарданд. Вақте ки дар ихтиёр далелу ваҷҳҳои муътамад надоранд, ба неруи силоҳ рў меоранд.
Ё муаллифони ҳангоматалабу бидуни номро, масалан дар сомонаҳои stanradar, 24 Кg ва ғайра истифода мебаранд. Пеш аз он ки ба айби дигарон ишора намоӣ, ба гиребони худат нигоҳ кун. Қирғизистон пурра ба муаммоҳои сарбастаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии худ ғўтида рафтааст. Ба ҷои он ки роҳи ҳалли ин муаммоҳоро дарёбанд, Жапаров-Ташиев ба «майдони бегона» чашм ало мекунанд. Ҳол он ки давлатдорӣ хўрдани оши шулдуруми маҳбасхона нест.
Чуноне ки дар урфият мегўянд, ба доно роҳ нишон надеҳ. Агар дар Тоҷикистон дар давоми зиёда аз 30 сол сулҳу салоҳ, устуворӣ, боварӣ ба фардори некро мушоҳида кардан мумкин бошад, дар Қирғизистон як ҳафта аз ҳафт ҷумъа иборат аст. Инқилобҳои ҳамасолаи хунин ва президентҳои нави ғайрилегитимӣ. Гўё барои қирғизҳо фарқе надорад, ки ба онҳо кӣ роҳбарӣ менамояд – собиқ ҷинояткор, шахсияти бемасъулият, психопат ва ё деградант, ки барояшон ҳаёти қирғизҳову тоҷикон ягон зарра арзиш надорад. Баъзеҳо якбора дорои тамоми ин хислатҳои номатлуб ҳастанд. Одам барояшон гўшти туфанг ҳисоб меёбад. Мардум дорои кори муносиб набуда, рўз аз рўз қашшоқ гашта истодааст. Бинобар ин асоси дилхушиашонро сарнагун сохтани ҳокимияти номаъқул ташкил медиҳад. Криминалитет дар ҳифзи мардум ва тартиботи ҳуқуқӣ. Ҳам хандаовар ва ҳам ғамангез аст ин ҳолат. Айни замон Қирғизистон ба сифати субъекти комилҳуқуқ ва мустақили сохтори сиёсӣ баррасӣ карда намешавад. Роҳбарони он ҳатто барои ба даст овардани обрўву нуфузи камтарин фурсат наёфта, онҳоро аз вазифаи президентӣ рўфта мепартоянд. Қирғизҳо бошанд, дар дар ихтиёри шахсиятҳои бемори шуҳратпараст ба сифати гаравгон қарор доранд.
Мутаассифона, вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии худ, Тоҷикистони ҳамсоя ба чунин ҳолат гирифтор шуд. Имрўз ба дасти кўчманчиён яроқу аслиҳаи муосир фаромадааст ва дастони онҳо барои аз ин силоҳ ба ҳадафҳои зинда аз сокинони осоишта, занону кўдакон тир паронидан бениҳоят сахт хорида истодааст. Барои ба даст овардани ин мақсадҳои ҷинояткоронаи худ онҳо халқи ҳамсояро, ки ба ҳукми тақдир дар минтақаи наздисарҳадӣ дар масофаи тиррас зиндагӣ доранд, интихоб кардаанд. Девонагон аз қасри «Арка» бар хилофи ҳақиқати таърихӣ, на кам ва на зиёд, ба нисфи ҳудуди ҳамсоягон даъво доранд. Гарчанде, мантиқан, ворисони қипчоқҳо, ки гузаштагонашон дар соҳилҳои рўди Енисей сукунат доштанд, ба заминҳои аҷдодии сокинони бумии Осиёи Марказӣ даъво менамоянд. Вақте гузаштагони тоҷикон – ориёиҳо аз замонҳои дур дар ин минтақа зиндагӣ мекарданд, тамаддуни бузургу шаҳрҳои обод доштанд, қабилаҳои қирғиз бошад, дар биёбони Гобӣ савори хар мегаштанд. Вале ин масъала фурсати дигарро барои таҳқиқу таҳлил талаб менамояд. Барои он ки ба пуррагӣ таърихи халқи худ ва «ҳудудҳо»-и худро биомўзанд, ба Жапаров-Ташиев лозим аст, ки ба сарчшмаҳои илмӣ рў оранд.
Юрий Макеев, Агентии иттилоотии «Параллел» Сарчашма: ЦентрАзия
Суроғаи доимии мақола – https://centrasia.org/newsA.php?st=1663501200
Зокиров Ш.У. – Тарҷумаи сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон