МУҲОҶИРАТИ КИРҒИЗҲО БА ВОДИИ РАШТ ВА ДИГАР ВОДИҲОИ САРЗАМИНҲОИ ТОҶИКОН
Тавре нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айматов ва дигар маъхазҳои таърихи зикр мекунанд, меҳани аслии қирғизҳо Сибир, соҳилҳои дарёи Енисей – Онасу буда, онҳо бо сабабҳои гуногун аввал ба доманаи кӯҳҳои Олтой ва баъдан ба минтақаҳои ғарбу ҷануб ҳаракат карда, ба ҳудудҳои Қирғизистони кунунӣ расидаанд.
Ҳудудҳои кунунии Қазоқистону Қирғизистон ба далолати сарчашмаҳои зиёди таърихӣ меҳани аслии сакоиҳои ориёӣ буда, то асри Х-XI мелодӣ ва баъдҳо низ намояндаҳои қавмҳои сакоӣ дар ин минтақаҳо сукунат мекардаанд. Ҳудудҳои мазкур дар замони давлати Сомониён дар тобеияти ин давлат қарор доштанд.
Абдуррашид ал – Бакувӣ дар асараш “Китоб ал – талхис – ал – асaр ва аҷоиб ал – малик – ал қаҳҳор” дар бораи яке аз маҳалҳои ин минтақа Фаран, тибқи назари мо ва дигар олимон Варани зодгоҳи Фаридун будааст, чунин менависад: “Фаран (дар ал – Қазвинӣ, с, 405) – вилоятест дар сарҳади туркҳо дар назди Баласоғун. Аз ҳамин ҷост Абу Наср Муҳаммад ибни Аҳмади Тархон, ки мӯъҷизаҳо падид меоварад. Вай аввалин донишманд аст, ки дар замони ислом зуҳур намудааст. Вай аз бисёр илмҳои замонаш огоҳӣ дошт, ҳаким буд ва маҳаки фалсафӣ дошт. Ҳамзамони Ҳаммад ас – Соҳиб Исмоил ибни Ибод вазири Маҷд – уд – Давла ибни Бувайҳа буд. Вай мусиқишинос, инчунин тирандози моҳир низ буд, аз камон тир меандохт ва дар ҷанг ҳалок шуд. Ин воқеа дар соли 345 (956-957) рӯй дода буд.
Исмоил ибни Ҳаммад ал Ҷавҳарӣ – муаллифи китоби ашъор ва амакаш Исҳоқ бини Иброҳим муаллифи “Девон – ул – адаб” низ аз ҳамин ҷо буданд. Аҷиб он аст, ки ин ҳарду дар забону адабиёти араб мумтоз гаштаанд.
Халқи қирғиз зери фишори қабилаҳои хунхори ҷунгарҳо – ойратҳо – қалмиқҳо то асри XVII ба доманаҳои шимолии кӯҳҳои Тёншон ва баъди асри XVII ба доманаҳои ҷанубии кӯҳҳои мазкур ҳаракат кардаанд. Тавре маъхазҳо шаҳодат медиҳанд, дар асрҳои XVI-XVII якчанд мавҷи гурезаҳои иҷбории қирғиз, ки дар ҷангҳо бо ҳамсояҳои хунхорашон шикаст хӯрда буданд, ба сарзаминҳои тоҷикон, аз ҷумла ба Фарғона, Рашт (Қаротегин), Мурғоби Бадахшон ва дигар маҳалҳо паноҳанда шудаанд. Имрӯз баъзе шахсони алоҳида ва расонаҳои хабари воқеияти таърихиро таҳриф намуда. роҷеъ ба ин масъала давоҳои бебунёд пешниҳод менамоянд.
Рӯйдодҳои рӯзҳои охир, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён гирифтанд, бори дигар собит намуданд, ки ҷониби кишвари ҳамсояи мо ҳаргиз хостори оромиш ва субот дар минтақа нест, зеро борҳост, ки нуктаҳои қарордоди оташбас ва суратҷаласаи комиссияи муштаракро вайрон намуда, вазъро ноором месозад. Муқарраран вайрон намудани талаботи оташбас ва ҳатто ин бор қабул накардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи қатъи ҷанг гувоҳ бар он аст, ки ҷониби Қирғизистон ҳаргиз хостори бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳаллу фасл намудани масъала нест ва мехоҳад танҳо ва танҳо аз роҳи ҷанг даст ба кор шавад.
Абдуқодиров А.А. – н.и.т., дотсент
Олимов Д.Р. – ассистент
устодони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ