ҲИМОЯИ ВАТАН ИН ШАРАФ ВА СОБИТ НАМУДАНИ ҶАВОНМАРДӢ АСТ
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки вақтҳои охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон бесарусомониҳо мушоҳида гардида, натиҷа фавти одамон гардида истодааст. Ҳол он ки ҳалли гуфтушуниди масъала вуҷуд дорад.
Ба фикри мо, ин фоҷиа тибқи нақшаи зархаридони хориҷӣ мебошад, ки бо кўмаки молиявӣ ба ҳар баҳона мардуми камбизоати наздисарҳадии Қирғизистонро ба ошўб бармехезонад. Баъди ба сари ҳокимият омадани Садир Ҷапаров ва Қамчинбек Ташиев муносбати дар марз тезутунд гардида, боиси ҳалоати нафарони зиёд аз ду ҷаониб гардид.
Ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна маълумотҳои бардурўғро паҳн менамоянд. Лекин аз хотир набояд баровард, ки халқи тоҷик дар таърихи худ забткор набуд ва ба ягон миллат харобӣ наовардааст.
Ҳодисаҳои наздисарҳадӣ собит намуданд, ки мардуми мо бо баҳои ҷон омода ҳастанд, ки ҳар ваҷаб хоки Ватани худ, мавқеи давлати худ ва Пешвои миллати худро ҳимоя намоянд.
Махсусан ҷавононро ин ҳодисаҳои хунин бояд бедор кунад. Ҷавонон бояд дуруст дарк намоянд, ки ҳифзи Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Ҳимояи Ватан ин шараф ва собит намудани ҷавонмардӣ аст.
Ба шарофати Истиқлолияти кишвар имрўзҳо Тоҷикистон устуворона ба пеш қадам мезанад, дорои иқтисодиёти пешрафта, нерўи зеҳнию ақлӣ ва иқтидори бузург аст. Ҳар гуна тўҳмату бўҳтон, ҳамсояи сиёҳкор ва душманони халқу миллат наметавонанд давлати абарқудрати моро шиканад ва дар назари оламиён бадном кунад.
Сайфиддинов А. – мутахассиси шуъбаи кор бо тарбияи ДДҲБСТ