Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ–поягузори адабиёти тоҷик

21–уми сентябри соли 2022 дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили илмӣ–тарбиявӣ ба истиқболи Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони “Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ–поягузори адабиёти тоҷик” баргузор гардид. Нахуст, директори китобхонаи илмӣ Гулнора Ҳайдарова маҳфилро ифтитоҳ бахшида қайд кард, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон аз соли 2002, яъне 12 сол инҷониб 22–юми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ, иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс таҷлил карда мешавад.
Дар идомаи маҳфил китобдори китобхонаи илмӣ Умеда Умарова дар мавзӯи “Ашъори гаронбаҳои Одамушшуаро Рӯдакӣ–ганҷинаи забони дӯстӣ” маърӯза намуд. Иброз шуд, ки ашъори устод Рӯдакӣ дар ҳақиқат ганҷинаи забони дӯстӣ ва дилёбист.
Маърӯзаҳои навбатӣ аз ҷониби донишҷӯи бахши 2–юми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Зафарҷон Ҳасанзода дар мавзӯи “Ҳаёт ва фаъолияти нобиғаи халқи тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ”, донишҷӯи бахши 1–уми факултаи ҳуқуқшиносӣ Абдуллоева Марворид дар мавзӯи “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ–Қофиласолори адабиёти тоҷику форс” шунида шуданд. Қайд шуд, ки барои мо –тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150–солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро таҷлил намуданд. Воқеан, шинохти ҳақиқии асолати таърихӣ моро водор месозад, ки барои рушду пешрафти кишварамон аз осори гаронбаҳои аҷдодонамон сабақ гирем ва роҳи минбаъдаи давлатдории навини тоҷиконро муайян созем.
Дар идомаи маҳфил аз ҷониби китобдори китобхонаи илмӣ Дилрабо Шарипова китобу асарҳои асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ инчунин, китобу асарҳо, маводҳои илмӣ дар бораи устод Рӯдакӣ ба табърасида муаррифӣ ва ба намоиш гузошта шуд.
Баъдан аз ҷониби аъзоёни махфили китобхонони беҳтарин шеърҳо аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ қироат карда шуд.
Дар фарҷоми маҳфил мудири шӯъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ–педагогӣ Атамуллоева М.А. иброз намуд, ки донишҷӯёнро лозим аст аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ огоҳ бошанд ва ашъори тарбиятомези эшонро мавриди омӯзиши ҳамешагӣ қарор диҳанд.
Баргузории чорабиниҳои мухталиф дар донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ идома доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like