Таъмини хатмкунандагон бо ҷойи корӣ

14 сентябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкунандагони факултетҳои донишгоҳ мулоқот баргузор гардид.
Намояндаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроб Файзуллоев мулоқотро оғоз намуда, дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ва бо кор таъминшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, ҳамзамон перомуни ворид шудани мутахассисони ҷавон ба бозори меҳнат маълумот дод.
Ҳадафи вохӯрӣ бо хатмкунандагон нақшаи гузаронидни пурсиши миллӣ, дар кадом ҳолат қарор доштани вазъи демографии мутахассисони ҷавон арзёбӣ карда шуд.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like