ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АМАЛҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТӢ ҶОЙ НАДОРАНД

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок менамояд, ки кишвари мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол буда, барои ҳар як шаҳрванд ҳаёти озоду осоишта, беҳтарин неъматҳои ҳаёт ва фаъолият кафолатнок кардааст. Имрўз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳама гуна фаъолияти бегонапарастӣ, кўшишҳои нодуруст, амалои ғайриқонунӣ ва ғайра ҷамъиятро ба пеш рафтан имкон намедиҳад.

Махсус қайд карда мешавад, ки мувофиқи меъёрҳои конститутсионӣ самтҳои асосии рушди давлати мо муқаррар шудааст. Маълум аст, ки тамоми мардуми башарият бо пешравиҳои илмию техникӣ талошҳои зиёд доранд. Воқеан ҳам, рақобати озоди ҳамагон дар тамоми институтҳои давлат, аз ҷумла байни шаҳрвандон, иттиҳодияҳои созандагор арзи вуҷуд дорад. Онҳо ба якдигар имкон медиҳанд вобаста аз самти рушди давлатдорӣ, бо мақсади ободу зебо кардан, сохтани иншооти нав ба нав, ободонии маҳалли истиқомат, шинондани дарахту гулҳо ва дигар арзишҳои беҳтарини инсонӣ ба пеш ҳаракат карда бошанд.

Баробари ҳамин, моҳиятан давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар  давлати  демократӣ,  соҳибистиқлол, ба мисли Тоҷикистони шукуфон ягон дин, ҳаракатҳои динӣ ба ҳайси давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст, ҳама дину мазҳабҳо дар доираи муқаррароти мазҳабҳо ҳуқуқи баробари мавҷудият доранд.

Имрўз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз он ки ба  кадом намуди динро пайравӣ кунанд, комилан  баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо вуҷуди он ки аксарияти  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайрав ислом буда, дини исломро муқаддас мешуморанд ва ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон аз давлат ҷудо буда, ба кори давлат дахолат намекунанд.

Он гурўҳи шахсоне, ки ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТЭТ ҲНИ шомил мешаванд, иносонҳое мебошанд, ки саводи кофии дунявӣ, зарурӣ, ҳуқуқшиносӣ надоранд. Амалан чунин намуди гурўҳи инсонҳо фирефта ва гумроҳӣ ба ҳама ҳаракатҳои ғайри мақсади асосӣ, яъне созандагию ободиро эҳсос намекунанд, шомил мегарданд.

Бинобар ин, имрўз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ баҳри пешгирӣ ва дар ҳолати вуҷуд доштан, несту нобут намудани ин гуна шахсон ва ҳамаи кирдорҳое, ки ба ин ҳолат вобастагӣ дорад, ҷидду ҷаҳд бурда истодааст. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон шукронаи чунин сарзамин, чунин намуди давлатдорӣ, чунин шакли идоракунии давлат кунанд ва дарк намоянд, ки давлат барои ҳар як инсон ва шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолатнок кардааст.

Ҳамин тариқ, имрўзҳо ҳайати профессорону омўзгорони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ баҳри ҷалби наврасону ҷавонон, донишҷўён ба омўзиши ғояҳои асосии созандагории давлатамон, омўзиши асосҳои ҳуқуқии давлати ҳуқуқбунёду демократӣ даъват менамояд, ки нисбат ба кўшишҳои  имрўзаи ин ҳел ташкилотҳои ба давлат халалсозанда маҳкум менамояд, зид мебошад. Дар замони имрўза бояд тамоми малакаву дониши худро ба бунёди ҷомеаи озод равона намуда, баҳри ҳаёти осоиштаи имрўзу фардо, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи меҳру муҳаббат ба ватан, ватандўстӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ сахми босазо гузошта бошем.

 

Самадов Б. О. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like