ИФРОТГАРОӢ – МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИ МУОСИР
Дар ҷаҳони муосир яке аз муаммоҳои аввалиндараҷа-ин ифротгароӣ ва терроризм – падидаи номатлуб, ғайриқабул ва ғайринсонӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин падида ба хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он муборизаи шадид мебарад. Терроризм ин падидаи номатлуби иҷтимоию сиёсиест, ки заминаҳои онро зиддиятҳои иҷтимоӣ ташкил менамоянд ва характери динию экстремистӣ доранд. Дар он усул ва шаклҳои маҷбурнамоӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Таҳлили мазмуни калимаи «терроризм» худ ҷиҳатҳои мусбӣ надошта, «тарс», «таҳлука», «воҳима»-ро ифода менамояд. Оқибаҳои терроризм ва экстремизм хатари ҷиддӣ барои ҷомеа ва амнияти кишвар ва озодии шаҳрвандон эҷод менамояд. Махсусан экстремизм он вақт хавфнок аст, ки таҳти шиори динӣ баромад мекунад. Ин ба пайдошавӣ ва авҷ гирифтани низоъҳои байни халқиятҳо оварда мерасонад. Баҳри пешгирии ин падидаҳои номатлуб Тоҷикистон низ дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон муборизаи шадид мебарад. Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстримизм дар Тоҷикистон ин қабули «Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2020», «Стратегияҳои миллии мубориза бо терроризм ва экстримизм барои солҳои 2021–2025» мебошад, ки ба гуфтаи коршиносон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нахустин кишваре шуд, ки чунин санадеро ба тасвиб расонд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон «маҳз ин тадбирҳо боис гардиданд, ки шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ нисбат ба солҳои қаблӣ кам шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз теъдоди умумии муайяншудагон дар солҳои 2016 -2017 ҳамагӣ 99 нафар ва дар 9 моҳи соли 2018 танҳо 5 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовиматҳои ҷангии хориҷи кишвар дар ҳайати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ширкат варзидаанд». Дар нақшаи стратегияи мазкур гуфта шудааст, ки ниҳодҳои дахлдори давлатӣ бояд ба ташкил ва таъсиси созмонҳои ҷамъиятие мусоидат кунанд, ки бо пешгирии экстремизм ва терроризм машғул мешаванд. Дастоварди дигар, ин дар доираи стратегияи мазкур барои пешгирӣ аз экстремизму терроризм таҳияи барнома аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ аст.
Илова бар ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” соли 1999 ба тавсиб расид. Қонуни мазкур асосхои хуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ба мақсади пешгирӣ намудани фаъоляти террористӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои ҷамьиятию сиёсӣ ва оммавӣ баҳри муҳофизати тартиботи ҷамьиятӣ, қувваю воситаҳои субьектхои иловагиро ҷалб намуда, дар ҳолати муайян шудани ҳолат ва ё шахсони шубҳанок ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ муроҷиат намудан лозим аст. Ба омўзорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ зарур аст, ки доир ба ташкилотҳои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок мекунанд ё иштирок кардаанд, маьлумотҳоро ҷамьоварӣ, таҳлил, ҷамьбаст намоянд ва бо ҷавонон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронанд. Насли наврас бояд боз ҳам бештар ба таълиму тадрис фаро гирифта шавад, чунки ҷаҳонбинии шахси илмомўз дигар аст. Боз ҳам зиёдтар намудани ҷойҳои корӣ чӣ аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ низ сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар намуда, ҷавононро аз гаравидан ба ҳар гуна ташклотҳои террористию экстремистӣ боз медорад. Мо ҷонибдори пешравии сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошем ва кўшиш менамоем ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Азимова Н.С.- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосири ДДҲБСТ