Мубориза бо коррупсия – вазифаи ҳар як шаҳрванд

05 сентябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Азимзода Дилшод Акбарӣ бо устодон ва кормандони донишгоҳ мулоқоти судманд баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои фаҳмонидадиҳии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, ҚҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк” ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд карда шуд, ки дар шароити имрўза яке аз омилҳои самаранокии муқовимат бо коррупсияро ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа ба ин раванд ташкил медиҳад. Дар сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ба масъалаи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо коррупсия таваҷҷўҳи махсус карда шудааст.Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд дар рушди тафаккури таҳаммулнопазирӣ бо коррупсия, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳандагии мақомоти давлатӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум, дастгирии иқдомҳои зиддикоррупсионӣ ва дигар паҳлўҳои ҳалли мушкилоти коррупсия саҳми беандозаи худро гузоранд.
Ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки ҳар як шахси худогоҳ бо назардошти ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат тамоми кўшиши худро барои ободонии Тоҷикистон равона созад ва бо дилу нияти соф, масъулиятшиносӣ, ҳалолкорӣ, садоқат ба халқу миллат ва бо адолатпешагӣ фаъолияти хешро ба роҳ монад.
Мулоқоти судманд бо саволу ҷавоб ва андешаронии иштирокчиён хотима пазируфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like