Баргузории семинари омӯзишӣ дар ДДҲБСТ

27 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои асосии ДДҲБСТ дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ ҷиҳати татбиқи технологияҳои рақамӣ ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот семинари омўзишӣ таҳти мавзўи «QR-код бо рўйхати адабиёт дар барномаҳои кории фанни таълимӣ» бо иштироки васеи ҳайати профессорон- омўзгорон баргузор гардид.
Дар семинари омўзишӣ муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Ҳаким Ғаюров, сардори раёсати таълим, дотсент Далер Тоҷзод ва сармутахассиси бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ Махкамҷон Ҳасанов баромад намуданд.
Иброз шуд, ки ҷараёни таълим аз пешрафти технологияи инноватсионӣ вобастагии зич дошта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чун захираи ёрирасон хизмат менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like