ШУКР, КИ АМАЛҲОИ НАНГИН ДАР БАДАХШОН ПАСИ САР ШУДАНД

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки маҳз бо саъю ҳаракат, ғайрату кӯшиш, таҷрибаю дониш ва маҳорати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистон дар роҳи  гул – гулшукуфии иқтисодиёт, илму маданият, некуаҳволии моддию маънавии мардуми хело пеш рафтааст.

Вале, мутаасифона ҳастанд нафароне, ки тинҷиву оромии кишвар ва аз боварии роҳбарияти давлат суиистифода намуда, барои азонихуд кардан, соҳибӣ намудан ва бо роҳи зӯрӣ дигар намудани сохти конститутсионии кишвар қадамҳои нопоку беҷои онҳо мардуми кишвар, бахусус мардуми Куҳистони Бадахшонро ноором сохтанд. Чи тавре, ки қайд мекунанд:

Ман дар андеша, ки чун соя кунам бар сари ў,

Ў дар он ғам, ки чӣ сон барканад аз бунёдам.

Яъне имрӯз ва фардо баъди он хиёнатҳо нисбати халқу миллати ҷумҳурӣ, ки солиёни дароз аз хони мубораку муқаддасаш нон хурда нондонро шикастаанд.

Вале, имрӯзҳо «каждумҳои зери бурё» хело зиёданду дар ҳар гӯшаву канор зери сангу кулух хуфта, нигарони онанд, ки чигунаву бо кадом роҳу восита  неш ба ҳастии давлат бизананд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади тухми низоъ коштани онҳо халқро аз давлату роҳбарияташ дилхунук намудан аст. Иддаи аз онҳо дар сари вазифа аз боварии давлат истифода бурда, ба руй ниқоби дигар кашида чун бегуноҳ рафтор мекунанд, ки ба мардум низ аён шуда истодааст.

Оё ҳодисаҳои сипаришудаи солҳои 1990 -1997 –ум гувоҳи аз он намедиҳад, ки чи гуна сарсониву саргардонӣ, ваҳшиёна куштани занону кӯдакон, мардону пиронсолон, ба мисли «махлуқҳои хуни одамхур» то ҳол сер намешаванд? Ин солҳо хуни ҳазорон бегуноҳон рехта, садҳо ҳазор бехонаю дар ва фирорӣ аз Ватан шуда буданд.

Ҳодисаҳои моҳи майи соли равон дар ВМКБ рухдода низ, мардуми ҷумҳуриро ба таҳлука овард, ки то ҳатто ба иқтисодиёти бархе аз минтақаҳо ва ба ҳолатҳои руҳии мардум таъсири ҷиддӣ расонид. Хушбахтона ин хоинони миллат ба мақсади ғарази худ нарасиданд.

Илми зоҳирӣ худ баёни сухан, имову ишорати инсон аст, ки ба амри дил ва гоҳо ба муқобили хоҳиши дил ба фазо мепайвандад. Баъзе аз афродон имрӯзҳо мардуми замонро чунон вазъият месозанд, ки сусту фалаҷ гардидани рукнҳои идеологияи шахс, нангу номус, имону виҷдон мегардонад. Лафзу қавл, одамияту мардонагӣ, дустиву ростқавлӣ зиёд гардидани беномусӣ бар муқобили озодиву осоиштагии кишварро сармашқи кори худ ҳисобанд.

Бинобар ин мо аз забони шоир гуфта метавонем, ки:

Макун бад бо касеву бад маяндеш.

Куҷое бад кунӣ, бад оядат пеш!

 

Кабирзода Г.Қ. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like