ҲАДАФУ МАҚСАДИ ИҒВОГАРОН – НООРОМ КАРДАНИ ИДЕОЛОГИЯИ ҶОМЕА
Имрӯза Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ниҳоят ҳоли харобу зор дошт. Аллакай ҳамон солҳо ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо бо мақсади соҳиб шудан ба вазифаву моликият байни халқ шӯриш андохта ҷанги шаҳрвандиро сабаб шудаанд.
Ҳамин номуси ватандории ин марди худодод Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз аввалин рӯзҳои ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуданашон дар назди халқ ваъда дода буданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меоварам” худи халқ шоҳид аст, ки 30 сол инҷониб дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ҳукфармост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба имзо расидани Созишомаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ҳамаи он хиёнатҳои нокасонро бахшиданд, вале ин беномусони ватанфурӯш ба доми хоҷаҳои хориҷиашон даромада, боз ба ин давлату миллат хиёнат кардаанд ва карда истодаанд, ки ба ин мисолҳо овардан мумкин аст.
Боиси таъассуф аст, ки ба ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон нигоҳ накарда, боз ҳаст нафароне, ки мафкураи идеологии кишварро ба роҳҳои тундрав ҳидоят мекунад. Албатта мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функсияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.
Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва ба субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.
Тавре, аз муқаррароти моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.
Барои ҳар як шахси маълумотдор, сиёсатмадор, ки дар арсаи сиёсат баҳс мекунад ана ҳамин моддаи якуми Конститутсияи номбурда кифоягӣ мекунад, зеро маҳз дар ҳамин модда қайд шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате мебошад, ки сохташ демократӣ ва бунёдаш ҳуқуқӣ сатҳи идоракунии давлатиаш аз дин ҷудо аст.
Дар арсаи сиёсат оқибатҳои бесаводии, беилмии шахсони номбурда ба ҳаракатҳои мусаллаҳона табдил ёфт, ки ғаразҳои номатлуби хешро зоҳир карданд. Мо шоҳиди он гаштем, ки чанд нафар шахсони бегуноҳ қурбони амалҳои ин ҳизб гаштанд, модар аз фарзанд ҷудо, фарзанд аз падар ҷудо.
Ҳоло он ки дар дини мубини ислом на танҳо куштор гуноҳи азим, балки озор додан ҳам гуноҳ аст. Аз ҳамин хулоса карда, чунин мегўем, ки ин шахсон аз дину диёнат ҳам бехабаранд ва лофҳои бардурўғ ба номи Худованду ислом мезананд.
Имрўзҳо мо шоҳиди онем, ки дар давлатҳои дигари Араб оқибатҳои чунин амалҳо ба терроризм ва экстремизм оварда расонида истодааст.
Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд.
Фирефташудагони ин равияҳои ғаразнок, шахсони дур аз камолоти маънавӣ буда, тамоми вуҷудашон нобоварӣ, норозигӣ ва эътирози ниҳоӣ фаро гирифтааст, онҳо аз ҳадафҳои ниҳонии таҳрибкорон-пешвоёни худ ғофиланд, ба онҳо ғайр аз тақлидкорӣ, худфидокунӣ, тобеъияти қатъӣ чизи дигареро ҳам талқин намекунанд. Агар ақлу хиради худшиносӣ, заковати солим медоштанд, аз таъриху фарҳанг огаҳӣ медоштанд, шукргузориро пеша карда, қалби худро аз ғарази амволпарастӣ, кинаву адоват озод мекарданд, албатта рафтору муносибати онҳо нисбати худ, ҳаёти осоиштаи мардум, дастовардҳои халқу миллати худ, наслҳои оянда дигар мешуд.
Беҳуда нест, ки Кабирӣ хоини миллату давлат буда, бо қувваҳои манфиатҷӯ, ҳамроҳӣ намуда, дар оғози амалҳои ғаразноки худ сароғоз ба арзишҳои фарҳангию-маънавиро коҳиш медиҳанд, осебпазирӣ намуда, сипас ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зӯроварӣ, нафратро тарғибу ташвиқ менамоянд.
Дар ҳақиқат ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари Тоҷикистон ҳамаи давру замон баҳри як порчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвари азизамон сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд. Ягон нохалафро мақсадҳои муғризаш ба ҳадаф намерасад, зеро Тоҷикистон макони ободу сулҳофар асту боқӣ мемонад!
Абдувоҳидов М. Р. – коргузори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ