АЗ ҶИНОЯТКОРОН ҚАҲРАМОН СОХТАНРО БАС БОЯД КАРД  

Дар шабакаи иҷтимоӣ боз маълумот паҳн гардида истодааст, ки гӯё ду нафар фаъоли ҷомаи ВМКБ дар шаҳри Маскав бадарка шудаанд.

Аз рӯи маълумотҳо, шаҳрвандон Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаби 29 июл дар фурудгоҳи Домодедова бедарак шудаанд. Шаҳрвандони мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо танқидҳои худ нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машҳур буда, онҳо ҳатто дар суҳбат бо “Садои Амрико” қайд карда буданд, ки ба ҷони онҳо хатар таҳдид мекунад. Ва гӯё мақомоти амнияти Тоҷикистон ҳамеша кӯшиши дастгир кардани онҳоро бо ҷурмӣ идеологи гуруҳҳои муташаккили помир дошта бошанд.

Албатта, айни замон ки вазъият дар саросари кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ баъди ба сари ҳокимият омадани толибон дар Афғонистон он қадар ҳам ором нест, як нафарро бе асос ҳабс кардан ва ба ин васила нобовариро нисбати сиёсати давлатӣ дар қалби мардум пайдо кардан ба фоидаи ягон давлати минтақа аз ҷумла Тоҷикистон нест.

Аслан, аз аввали соли 2022 дар Осиёи Марказӣ баъди ба сари қудрат омадани Толибон ҳодисаҳои террористӣ авҷ гирифтанд. Гӯё гурӯҳу созмонҳои террористӣ аз Толибон илҳом гирифта бошанд. Аз ҷумла, ҳодисаҳои ба амаломадаи террористӣ дар Қазоқистон, дар ВМКБ-и Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қароқалпоқистони Ӯзбкистон гувоҳи аз авҷ гирифтани гуруҳҳои тундгаро дар минтақа мебошанд. Мақсади ҳамаи ин гуруҳҳо як аст, ин ҳам бошад бо кадом роҳе набошад ҳокимиятро ба даст гирифтан.

Вақт нишон дод, ки ин гурӯҳҳои террористӣ дар ягон кишвар муваффақ нашуданд. Сабаб бошад, на дар он ки мақомотҳои қудратии кишварҳо мустаҳкам шудаанд, сабаб дар он аст, ки мардум аз сохти имрӯзаи давлатдорӣ, сатҳи пешбурди зиндагӣ, имкониятҳои фароҳамовардаи давлат барои таъмини босуботи зиндагӣ розианд ва аз мақсаду мароми ин душманони миллат ба хуби огоҳанд. Тӯли си сол аст, ки душманони миллат бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон бо баҳонаи давлати исломӣ сохтан, ҳокимиятро дигар кардан мехоҳанд кишвари моро ба вартаи ҷанг кашида, барои савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир майдон ба вуҷуд оранд.

Вобаста ба ин, онҳо дар чанд кишвари дунё мубаллиғон ва ё идеологҳои худро доранд, ки вазифаи онҳо бо ҳар роҳ камбудии кишварро нишон додан ва сиёҳ кардани мақомотҳои давлатӣ дар назари мардум мебошад. Ростӣ, намедонам бо чӣ умед ҷавонон боз ба ин аъзоёни гуруҳҳои ҷиноятӣ бовар намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сиёҳ кардани зодгоҳи худ машғуланд. Гӯё онҳо ҳақиқатро гуфта истода бошанд. Вале аз дастоварҳо ва ободкориҳои Тоҷикистон сухан гуфтан гӯё ба онҳо қатъян манъ карда шудааст, ки ягон маротиба доир ба ин сухан намекунанд.

Аз ҳама аламовар он аст, ки баъзе нафарон ягон маълумот надошта бошанд ҳам, аз як-ду нафарони дастгиршуда як қаҳрамон сохтани мешаванд. Ва ин нафаронро дар назди мардум “мусичаи бегуноҳ” нишон дода, мақомотҳои давлатиро сиёҳ кардани мешаванд. Нафарони дастгир шуда низ, бо роситиву роткориро дар симои худ шабеҳ дода, дар канори мардум ҷой гирифтани мешаванд. Дар асл ин нафарон сӣ сол инҷониб ба ҷиноятҳои гуногун даст зада, сабабгори гумроҳ ва ба ҳолокат расидани чандин нафарон, аз ҷумла ҷавонони бегуноҳ шудаанд.

Маҳз кушишҳои Ҳукумати кишвар аст, ки чандин ҷавононро саривақт аз ин роҳи тундагароӣ баргардонд ва ба онҳо шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам овард.

Вале, мутаъсифона ҳоло ҳам дар байни мардуми мо нафароне, пайдо мешаванд, ки ба суханҳои бардурӯғи ин ҷинояткорон бовар карда, дар охир худ қурбони бовариашон мешаванд.

Пуштибонӣ намудан аз ҷинояткорон ин худ маънои шарики дар ҷиноятро дорад. Бигзор мақомотҳои қудратӣ кори худро анҷом диҳанд, бо ҳар гуна суханҳои бардурӯғи барангезандаи ҷудоихоҳӣ набояд мо монеаи кори онҳо гардем. Зеро намояндагони мақомотҳои қудратӣ маҳз барои тинҷиву осоиштагии мову Шумо талош намуда истодаанд. Мо ҷомеаи шаҳрвандӣ баръакс бояд дар пешгирии ҷинояткорӣ саҳми худро гузорем.

Вобаста ба ин, аз ҷавонони кишвар даъват ба амал меорем, ки бас аст содда будан, бас аст зуд бовар кардан, бас аст аз ҷинояткорон қаҳрамон сохтан. Ҷинояткор бояд дар назди миллат барои кирдорҳои номатлубаш ҷавоб гӯяд.

Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like