Андешаронии оқибатҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ

Айни ҳол, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон маълумот ҷамъ менамоем, илман барои фатҳ кардан шурӯъ менамоянд. Баъзе ифротиёни мазҳабию ҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатр дар пеши намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд.Шогирдонашон бошад дар майдони Сурия «қаҳрамонӣ»-ҳои номатлубро нишондода истодаанд. Ба майнаи ҷавонон дини Исломро аз нуқтаи назари «бадбинӣ», «нафрат ба инсон» бо усулҳои мухталифи фиребу найранг, ҷой менамоянд, нобахшиданист.

Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое  низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд. ҲНИТ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо  амали намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.

Аз расонаҳои ВАО мушоҳида мекунем, вақтҳои охир, паҳлӯҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИТ ва роҳбари он, дар ҳолати берун аз марзи мо будан, ошкор мегарданд. Барои ТЭТ ҲНИ ва ҳамфикронашон муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро бо кадом роҳе набошад, ба даст оранд.

Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳокимият расидан чӣ оқибат хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Ба худфирефтагон инсоф дихад, бигузор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он, бароранд.

Мардум тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезӣ намехоҳад.

 

Маматқулов Ҷ. А. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи фаултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like