Ҷавонон бояд дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм бештар фаъол бошанд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар оила ва ҷомеа, муҳайё кардани шароити мусоид барои илмомӯзӣ, кору фароғати онҳо, диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз ҳам татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад.
Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо, роҳи васеъ кушоданд. Инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат то соли 2025 қабул карда шуд ва дар он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад.
Оид ба масъалаи ҷавонон дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2016, чунин ишора гардидааст:
“Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.” Ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо Пешвои миллат тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунар, ободиву пешрафти сарзамини азизамон, ҳимояи Ватан, рушди илму техника муосир ва созандаги равона созанд.
Қобили ёдоварист, ки маҳз ҷавонон имрӯз қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷалб ва иштироки ҷавонон дар созмонҳои террористиву экстремистӣ тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз шумораи ҷавононе, ки дар қаламрави Сурияву, Ироқ, Афғонистон, ҷангида беш аз 1000 нафарро ташкил медиҳад.
Мутаассифона имрўз низ бархе аз ҷавонони гумроҳгашта дар хориҷи кишвар бо фармони хоҷагони худ тариқи шабакаҳои интернет харгуна тўҳмату бўҳтонро нисбати ҳукумати кишвар паҳн мекунанд, ки гуфтаҳои онҳо асос надорад. Мутаассифона ёфт мешаванд касоне, ки чунин баромадҳои онҳоро тамошо мекунанд ва ба гирдоби фиреби онҳо меафтанд, ки оқибат ѓаму андуҳро ба падару модар, хешу наздиконашон меоранд.
Аз тарафи мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Вале, то имрӯз ин падидаи номатлуб пурра аз байн нарафтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм худи ҷавонон саҳми дахлдор дошта бошанд.
Ҷавонон бояд дар ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созандаи пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз кунанд амнияти давлат, ваҳдати миллиро ҳимоя намоянд, худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир ба монанди ифротгарои ва тераризм эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу буми кишвари азизамон бошанд.
Давлатов У. Н. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ