НИЯТИ НОПОК ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД
Соҳибихтиёрии давлат дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ бо тамоми арзишҳои дигар ва ормонҳои таърихи миллат мусоидат кард.
Ваҳдати миллӣ, сулҳу субботи поянда ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ иқдоми ояндабинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи неки пиру ҷавони миллати тоҷик мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Дар Бадахшон, ки имрӯзҳо, корҳои зиёди созандагӣ амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми бонангу номуси вилоят барои боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани диёри худ содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Мутаасифона базеъ шахсони хиёнаткоре пайдо мешаванд, ки намегузоранд сулҳу субботи барпо гардад. Он нооромие, ки рузҳои гузашта дар ВМКБ аз сари халқи тоҷик гузашт ин ҳаракатҳои иғвогаронаи гурӯҳи муташаккил ҷинояткорона мебошад. Аъзоёни ин гурӯҳи ҷинояткорона нақша ҷиноятии худро барои ноором гардонидани шаҳри Хоруғ, Рӯшон ва дигар ноҳияҳои Бадахшон гузоштан.
Аъзоёни ин гурӯҳи ҷинояткорона маълум гардид, ки инҳо Шерзамонов Алим, Мамадбоқиров Мамадбоқир, Мамадшоева Улфатхоним, Холбашов Холбаш мебошад. Инҳо санаи 26 марти соли 2022 дар шаҳри Хоруғ вохӯри гузарониданд, бо мақсади гирдиҳамои ғайриқонуни барои вайрон намудани амнияти ҷамъиятӣ. Нақшаҳои нопоки ҷинояткоронаи ин шахсон ошкор гардида аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид.
Аз сокинони ВМКБ даъват ба амал бароварда мешавад, ки сулҳу субот оромӣ ва истиқлолияти давлатиро арзиши олӣ эътироф намуда барои ободии мамлакат саҳми худро гузоранд. Ба ҳар як фитнаю суханҳои иғвоангезаро гӯш накунад. Мо халқи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИТ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.
Ахмедов Н.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия