ТАШАККУЛИ ИДЕЯИ МИЛЛӢ
Андешаи шахс ба дарки миллат ин таваҷҷӯҳи ҷамъиятиест, ки лаззати онро ватандори асил медонад. Зеро ҳастии инсон ба Ватан ва идеяҳои бунёдкорию созандагӣ вобастагии бевосита доранд.
Маълум аст, ки масъалаи рушди идеяи миллӣ ва тафаккури давлатӣ барои ҳукамои илм ва шахсиятҳои бедори миллат дар шароити давлатдории миллӣ далелҳое мебошанд, ки мавҷудияти истиклолияти сиёсиро таъмин менамоянд. Умуман таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳимояи илму дониш ва дигар манфиатҳои миллии рушди ақлӣ бояд нақшаи дурнамои худиро дошта бошад ва тарбиятгар дар ҳама давру замон тарбиятдида бошад. Махсусан, тарбияи ватандорӣ, ватанхоҳӣ ва ҳувиятсозӣ дар сатҳи тафаккури давлатӣ ба рафтору кирдори тарбиятгар ва роҳбарону сарварони сиёсӣ вобастагӣ дорад, ки дар раванди ташаккули идеяи миллӣ шаҳрвандони кишвар низ бояд аз ин амал дар канор набошанд.
Тоҷикон қадимтарин бошандагони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ҳама давру замон рисолати фарҳангсолорӣ ва муқимӣ намудани мардумони саҳроии кишварҳои минтақаро ба зиммаи худ доштанд.
Имрӯз ҳам дар раванди аз нав эҳё намудани давлатдорӣ мо бояд дар сиёсати миллии хеш таҳаммулпазириро аз даст надода, ба ҳалолии идеологӣ, бетарафӣ, бегонапарастӣ роҳ надиҳем ва ҳатман идеяи нав ё андешаи худии миллатсозӣ дошта бошем.
Моҳият, аҳамият, сохтор, вазифа ва нақши аслии идеяи миллиро на танҳо таълиму тарбияи ҳувиятсозии шаҳрвандон, балки дарки мавқеи ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ ташкил менамояд.
Мафкураи ҳуқуқӣ-иҷтимоии шаҳрвандонро бояд маҳз тақвияти идеяи миллӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, ифтихори миллӣ, тафаккури миллӣ, миллатпарастӣ ва амсоли ин ташкил намояд.
Ҳаракатҳои миллӣ-ватанхоҳӣ, миллӣ озодихоҳӣ, хусумати байни миллатҳо, низоъ ва ҷангҳои этникӣ дар миёни миллатҳо нишонаи он аст, ки миллат ташаккул ёфта, баҳри истиқлолияти худ мубориза бурдан мехоҳад.
Ҳамин тавр, аксари мардумони дунё истиқлолияти миллӣ ва зиндагии босуботро тибқи ташаккули андешаи нав ва рушди давлатҳои миллӣ ба даст овардаанд. Замоне, ки мо дар бораи миллат ва идеяи миллӣ сухан меронем, дигар маҳаллу қабилаю равандҳои хешутаборӣ ва бузургиҳои лаҳҷаву минтақаҳои ватанро як тараф гузошта, сари мавқеъ ва муттаҳидии миллат бояд талош намоем. Зеро идеяи миллӣ метавонад бо сабабҳои гуногуни похилию берунӣ ташаккул ёбад ё наёбад, мавқеъ дошта ё надошта бошад.
Бояд тазаккур дод, ки тоҷикон ягона миллате дар Осиёи Миёна буданд, ки таърихи навишта, мафкураи баланди миллӣ ва давлати миллӣ доштанд.
Имрӯз бояд баъзе масъалаҳои баҳси бузургию дорандагиро ба хотираи таърихӣ ҳавола намуда, аз пайи обод кардани Тоҷикистони азизамон шавем. Марзҳо, кишварҳо, миллатҳо маълум, акнун боварӣ ба миллату давлат ва обод кардани ватани азизамон вазифаи муқаддаси мову шумост. Ба андешаи мо, шахсе, ки Ватан ва миллати хешро инкор мекунад, мерасад он рӯзе, ки он гумроҳ бо мушкилоти бегонапарастӣ ҳастии худро низ инкор менамояд.
Ба ибораи дигар, идеяи миллӣ муҳитест, ки дар он ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд ба таври озодона фаъолият намуда, ташаккулёбии худро таъмин менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала чунин изҳори назар намудааст: «То даме ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираи таърихӣ, ифтихор ва мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар як кадоми мо манфиати миллатро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба ватан ва миллат бароямон ба арзиши омили зиндагӣ табдил наёба, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».
Худшиносӣ қабл аз ҳама, ин хештаншиносӣ ва дарк намудани арзишҳои миллӣ, бунёди ҳувият ва озодӣ мебошад, ки аз ҳама шаҳрвандони кишвар доштани ҳисси миллиро тақозо менамояд. Дар воқеъ, ҳисси ватандорӣ ин нишонаи музафариятҳои ҳувияти хоси миллӣ мебошад, ки новобаста ба дигар равандҳои ҷомеа меҳру муҳаббатро нисбат ба Ватан нигоҳ медоранд.
Ба андешаи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз нахустин ва муҳимтарин идеяи милли тоҷикистониён аст, ки барои рушди он камари хидмат бояд баст.
Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон дар ин муддат пояҳои давлатдориро мустаҳкам намуда, мардумро ба якпорчагию худшиносӣ раҳсипор намуд.
Бидуни идеяи миллва робитаи он бо стратегияи миллӣ ягон давлат қодир нест, ки мақсадҳои рушди рушди устувор ва дорои аҳамияяти бузургро барои миллат татбиқ карда тавонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо Ватан ва ҷаҳони бузургест, ки дар симои он бояд ҳаёт, андеша, дину имон, идеал, нангу номус, ифтихор, ибтидо ва интиҳои худро дарёбем. Имрӯз аз ин ном бузургтар идеяи миллиеро, ки тамоми ҳастии мо ба он вобастагӣ дорад, дарёфт намудан мушки ласт. Баҳри тақвият ва амалӣ намудани ин идея ҳамчун ҷавҳари асл мо бояд иродаи созандагӣ, ваҳдати фикрӣ ва ҳифзи фазои динию мазҳабиро дошта бошем ва ба бартарии ҳувияти миллӣ ноил гардем. Ин номи шарафманд мантиқан паёмест, ки шаҳрвандони мо бояд худшинос бошанд ва дарк намоянд, ки миллат, шаҳрванд кист ва барои ояндаи рушди Тоҷикистон бояд кадом корҳоро ба анҷом расонанд.
Идеяи миллии мушаххас ва муайян, ки ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат фаҳмову қобили қабул бошад, имкон медиҳад, ки ҳар як фард манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузорад.
Ҳамин тавр, идеяи миллӣ ба хотири таъмини амнияти утуворӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар самти нигоҳдории тавозуни ҷамъиятӣ ва таъмини ягонагӣ яке аз талаботҳои муҳими рӯз ба шумор меравад.
Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ