Шиносоии директори Донишкадаи молияи Тошканд аз ДДҲБСТ

Нимаи дуюми рӯзи 27 майи соли равон директори Донишкадаи молияи Тошканд доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Тулқин Тешабоев аз биноҳои таълимии донишгоҳ, осорхона, Парки техникӣ, биноҳои навбунёд ва факултети муштарак, ки байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи молияи Тошканд ташкил гардидааст, дидан намуд. Т. Тешабоев ҳамроҳи роҳбарияти донишгоҳ аз синфхонаҳо, лабораторияҳо ва утоқҳои компиютерӣ, ки бо техникаву лавозимоти муосири раванди таълим ҷиҳозонида шудааст, дидан карда, бо донишҷӯёни факултети муштарак сӯҳбату мулоқот анҷом додаанд ва ба донишҷӯёни ин факултет тӯҳфаҳои хотиравӣ ва як миқдор китобҳои таълимӣ тақдим карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси ҳамкориҳои мутақобила байни Вазоратҳои илм ва маорифи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, дар ҳамкории Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар пойгоҳи ҷониби Тоҷикистонӣ сохтори нави таълимӣ ташкил шуда буд. Бинои факултети мушитарак дорои 275 нафар ҷойи нишаст буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири техникии раванди таълим муҷаҳҳаз карда шудааст.
Дар асоси шартномаи тарафайн ба факултети муштарак ба миқдори баробар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Факултети муштарак аз рўи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, кори бонкӣ, молия ва қарз мутахассисонро омода менамояд. Ихтисосҳои зикршуда дорои сертификати аккредитатсияи байналхалқӣ буда, ба хатмкунандагон дипломҳои расмии ҳар ду давлат дода мешавад.
Пас аз боздиду шиносоӣ ҷонибҳо хостори густариши ҳамкориҳо гардиданд.

You might also like