ДДҲБСТ: Ташаккули фазои мусоиди сармоягузорӣ дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар
27 майи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаккули фазои мусоиди сармоягузорӣ дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор шуд.
Дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иштирок ва баромад карданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ҳамоиши байналмилалиро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва ҳадафи конференсияро мубодилаи афкори олимону муҳаққиқон ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи саноат, дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар самти ташаккули иқтисодиёти индустриалӣ маънидод кард.
Сипас муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода тариқи онлайн маърӯза намуда, мавзӯи конференсияро актуалӣ номид ва дар табодули таҷриба ва ҳамгироии илму истеҳсолот назаррас арзёбӣ намуд. Дар идома, Тулқин Тешабоев директори Донишкадаи молияи Тошканд баромад кард.
Ҳамзамон дар кори конференсияи байналмилалӣ сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД- и вилояти Суғд Шарифҷон Азмедов, директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии ВКХ ҶТ Раҳматулло Мирбобоев ва чанде аз роҳбарону намояндагони донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои илмиву таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ тариқи маҷозӣ вобаста ба мавзӯи конференсияи байналмилалӣ маърӯзаҳо ироа намуданд.
Дар доираи кори конференсия мавзуъҳои фазои мусоиди инвеститсионӣ: муаммоҳо ва хусусиятҳои ташаккул, муҳити сиёсӣ ва ҳуқуқӣ – омили калидии саноатикунонии босуръати иқтисодиёт, аҳамияти суботи макроиқтисодӣ дар ташаккули иқтисодиёти индустриалӣ, сиёсати давлатӣ ҷиҳати такомули фазои корӣ,риояи ҳуқуқии ташаккули иқтисодиётииндустриалӣ, инвеститсияҳо дар шароити саноатикунонӣ, рушди соҳибкории хурд ва миёна: дурнамова шартҳо ва саноатикунонӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт муҳокима гардиданд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиши байналмилалӣ як зумра кормандону устодон, ки ба натиҷаҳои баланди илмию таълимӣ комёб гардидаанд бо Ифтихорномаву Сипоснома ва ба меҳмонони конфронс тӯҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Кори конференсияи байналмилалӣ дар бахшҳо идома дорад











