Тири душман хато хӯрд
Рости гап ҳодисаи рӯзҳои охир махсусан тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, амалӣ нотавононаи Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир шаҳодат аз он медиҳад, ки халқи тоҷик душмани ашадӣ доштааст. Ва ин душманон тинҷиву амонӣ ва осоиштагии давлатро чашми дид надоранд.
Тоҷикистон кишваре аст, ки бо роҳбари Қаҳрамони худ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнатдӯсту худогоҳ ва нексиришт зиндагии осуда ва сулҳу амониро пеша кардааст ва “Тоҷикистон ба пеш”-ро шиори худ қабул намудааст.
Лекин мутасифона душманоне ҳастанд, ки худ ва гурӯҳҳои кӯчакашонро оппозитсия эълон намудаанд. Аммо оид ба ин масъала қайд менамоям, ки онҳо на оппозитсия, на гурӯҳи террористӣ балки гӯмроҳшудагоне, ки дар ҳаёт ба бадбахтӣ гирифтор шудаанд.
Ман шахсан розӣ ҳастам ва чунин мешуморам, ки ин гӯмроҳшудагон сари даҳҳо ҷавонони зираку ҳушёрӣ миллати сарбаланди тоҷиконро “хӯрдаанд” то ҳаёт аст бадбахтиву рӯсиёҳӣ ҳамқадами инҳо хоҳад шуд.
Хушбахтона бо зиракӣ ва ҳушёрии кормандони шуҷои мақомотҳо ин нияти нохалафи гурӯҳи гӯмроҳшудагон барҳам дода шуд ва онҳо ба мурод нарасиданд.
Имрӯз Тоҷикистон бо фарзандони фарзонааш ва ҷавонони Ватандӯсту ҷасуру далер намегузорад, ки давлати соҳибистиқлолу демократиро аз ҳар мушкилоту монеа эҷод намудаи душманони гӯмроҳшудагон эмин нигоҳ дорад ва сулҳу амниятро таъмин намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди СММ ва дигар паёмҳои хеш доимо таъкид менамоянд, ки террорист ватану давлату миллат надорад. Террорист мақсаду маромаш халал расонидан ба зиндагии осудаи кишварҳои дунё мебошад. Терроризм ин вабои аср аст.
Дадоматов Д.Н. – д.и.и., мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ