Изҳороти устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ оид ба воқеаҳои ВМКБ
Бегоҳии, 22 май хабари даргузашти саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич нашр шуд. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардидааст. Албатта ҳамаи ҳолати руйдода шударо мақомоти Прокуратура муайян мекунад.
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ изҳор кардани ҳастем, ки Мамадбоқиров Мамадбоқир ҷинояткор буд, ки ба гирдоби хиёнату ҷинояти хеш ҷавононро шомил намуда, сабабгори марги чандин нафар мардуми бегуноҳ ва бахусус ҷавонон гардида буд.
Ин шахс бо террористон ва хоинони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом ҳамкории зич дошта, бо маслиҳати ҳамешагии аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии паймони миллӣ Алим Шерзамонов танҳо ба нооромсозии авзои ҷомеа кӯшиш мекард.
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ даъват менамоем, ки ба ҳар гуна ташкилотҳои ғайриқонунӣ шомил шудан ин ҷиноят мебошад. Мо ҳама бояд ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон нигоҳ дорем. Зеро оромӣ гарави рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.
Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ