ҶИНОЯТКОРРО ДАР ҲЕҶ ЯК ДАВРУ ЗАМОН НАМЕБАХШАД!
Таърих то ба имрӯз ягон ҷинояткор, роҳзан, дузду ғоратгар ва иғвогарро набахшидааст.Алалхусус ҳодисаҳои охири моҳи ноябри соли 2021 ва мощи майи соли равон ба ҳаммаи мо маълум аст, ки дар ҳудудҳои ш.Хоруғи ВМКБ бо дасти як зумра саркардагони гуруҳи ҷиноятӣ, ба мисли Мамадбокир Мамадбокиров, Гулбиддин Зиёбеков ва пайравону ҳаммаслаконаш як қатор ноороми ва бетартибиро дар маркази вилоят ташкил ва роҳбарӣ карданд. Ба мо баръало равшан аст, ки номбурдагон худро дар байни мардум лидер эълон намуда, ҷавононро ба ноором сохтани амнияти минтақа водор намуда, худ аз дури тамошобин шуданд. Ба ҳаммаи мо ҷиноятҳои саркардагони гуруҳи мутташакили ҷиноятӣ Мамадбокиров Мамадбокировро тавассути шабакаҳои телевизионҳои маҳаллӣ ва изҳороти Прокурори вилоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо далелҳои раднашаванда расониданд. Ин шабурӯзҳои охир ки дар минтақаҳои алоҳидаи вилоят ҳаводисҳои ногуфтани рӯй дода истодааст, ки мо сокинонро нигарон кардааст.Чи тавре, ки мо аз изҳороти Прокурори вилоят огаҳь пайдо кардем, ин гуруҳи муташаккили ҷинояткорон сар карда аз 14.05.2022 то санаи 18.05.2022 ба бетартибиҳои омавӣ дар минтақаи Рӯшон ва маркази вилоят ш.Хоруғ даст задаанд.Ин рафторҳои ноҷавонмардонаи Мамадбокир дар назди миллат ва сокинони осоишта нобахшиданист.
Дар умум вазъи имрўзаи Бадахшон кулли мардуми кишвари моро нигарон намудааст. Ин қазия мебоист бо роҳи дурусти сиёсиву ҳуқуқӣ ҳалли худро меёфт. Аммо бинобар сабаби боло гирифтани манфиатҳои гурўҳӣ, хостаҳои қудратталабӣ, бегонапарстӣ, муносибати бемасъулиятонаи доираҳои муайян, нисбати амният ва суботи кишвар ин мушкилот ба як буҳрони печидаи сиёсӣ густариш пайдо намуд. Моро зарур буд, ки ҳамагуна вазъи низоъангезро дар минтақа тавассути музокира ҳаллу пешгирӣ намоем, то нерўҳои мухталифи манфиатхоҳро барои суиистифода намудан аз ҳолати мавҷуда дасткўтоҳ намоем.Шоми гузашта, яъне санаи 22.05.2022 соати 17.30 дақиқа дар шабакаҳои интеренети хабари ба ҳалокат расидани яке аз саркардагони гуруҳи терористиву ҷиноятӣ Мамадбокир паҳн гашт. Ин собит аз он мекунад, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Дар изҳороти ВКД омадааст, ки дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарӣ Мамадбокир ва ҳамаслаконаш бо ҳам таниши лафзи карда, дар ин вақт номбурда ба ҳалокат мерасад.Ин нишона аз он аст, ки Мамадбокир бо ҳамаслаконаш ҳам дуруст муомила намекардааст ва агар нияти пок медошт аз дасти ҳамаслаконаш кушта намешуд.
Моро зарур аст, ки ҳамагуна вазъи низоъангезро дар минтақа тавассути музокира ҳаллу пешгирӣ намоем, то нерўҳои мухталифи манфиатхоҳро барои суиистифода намудан аз ҳолати мавҷуда дасткўтоҳ намоем.Ба мардуми сарбаланди Бадахшон муроҷиат карда, гуфтаниам, ки ба дасисаву барангехтани кинаву адоват нисбати ҳукумат ва шохаҳои ҳокимият, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор ва хоинони Ватан ки аз хориҷ истода ба сӯи ин кишвари ободу осуда санги маломат мезананд дода нашаванд.Мардуми сарбаланди Бадахшон ҳеҷ гоҳ пайрави ҷинояткорон набуд, баръакс пайрави қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемуру фарзандони баруманди ин мулки нотакрор ҳастанд.
Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гунна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Мо хуб дарк мекунем, ки дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.Аз ин рӯ моро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободии ин Ватани азизу маҳбубамон кушиш намоем.
Суҳроб Ҷалолов – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робати бо ҷомеаи ДДҲБСТ