ДДҲБСТ: Ғолибони озмуни “Омӯзгори сол – 2022” дар донишгоҳ муайян гардиданд

12 майи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни донишгоҳии “Омӯзгори сол-2022” доир шуд. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълим, такмили малакаю маҳорати педагогии омӯзгорон, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, дарёфт, паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибистеъдод ва қадршиносии саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбия роҳандозӣ гардидааст.
Тибқи Низомнома дар даври аввали озмун 20 нафар омӯзгорон иштирок намуда, аз онҳо 6 нафар омӯзгорони беҳтарин, ки ба натиҷаҳои баландтарин соҳиб гардиданд, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Баҳодурҷон Пӯлотов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ Юсуфҷон Нурмаҳмадов, муаллимаи калони кафедраи аудит ва ревизия Муслимахон Ҳайдарова, муаллими калони кафедраи забони русӣ дар иқтисодиёт Мухбирахон Негматова, муаллими калони кафедраи менеҷмент Наргисахон Азизова, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калони кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ Ҳамзаалӣ Воситов аз рӯи низомнома дар даври ниҳоӣ дар шартҳои намоиши дастовардҳо, худмуаррифӣ, баёни озоди яке аз саволҳои мавзӯи фаннӣ, саволу ҷавоб ва муаммоҳои педагогӣ байни ҳам рақобат намуданд. Ҳайъати ҳакамон аз рӯи ҳар шарт ба иштирокчиён баҳогузорӣ карданд.
Дар натиҷаи озмун ғолибон муайян гардида, бо Диплом сарфароз гардонида шуданд. Ҷойи сеюм дар озмуни донишгоҳии «Омӯзгори сол – 2022» бо сазовор шудани 146,4 хол номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калони кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ Ҳамзаалӣ Воситов дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи III сарфароз гардонида шуд. Ҷойи дуюм дар озмуни донишгоҳии «Омӯзгори сол – 2022» бо сазовор шудани 149,6 хол номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ Юсуфҷон Нурмаҳмадов дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуд. Ҷойи якум дар озмуни донишгоҳии «Омӯзгори сол – 2022» бо сазовор шудани 155,9 хол муаллими калони кафедраи забони русӣ дар иқтисодиёт Мухбирахон Негматова дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи I ва Лентаи фахрии «Омӯзгори сол – 2022» сарфароз гардонида шуд.
Барои фаъолияти пурсамар ва ширкати фаъолона дар ташкил ва баргузор намудани дарси намунавӣ, саҳми назаррас гузоштан дар пешрафти фаъолияти донишгоҳ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, омода намудани мутахассисони ояндасози Ватан, инчунин саҳмгузорӣ дар озмуни донишгоҳии «Омўзгори сол – 2022» 13 нафар устодон бо Сипосномаи ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

You might also like