ДАР ЗЕРИ НИҚОБ АМАЛ НАКУНЕД!!!!
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир бо назардошти ду омили муҳим – хусусиятҳои таҷрибаи таърихии анъанаҳои сиёсии давлатдории миллӣ ва дар ҳаёт татбиқ шудани принсипи демократии афзалияти ҳуқуқи инсон пояҳои давлати демократии худро устувор мекунад. Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва дар заминаи он ба вуҷуд омадани Шўрои ҷамъиятӣ ба ҷаҳониён на фақат намунаи демократияи мусолиҳаро намоиш дод, балки намунаи ҷомеаи шаҳрвандиеро ба арсаи таърих овард, ки роҳу усулҳои ба даст овардани ормонҳои волои иҷтимоӣ дар он ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам бо истифодаи васеи арзишҳои ахлоқиву маънави таъмин карда мешавад.
Мутаассифона имрўз дар фазои сиёсии хориҷи кишвар сару садоњои ихтилофомезе садо медињанд, ки њадафашон халалдор сохтани оромии кишвар аст.
Аз ҷумла имрӯз, Муњиддин Кабирӣ роҳбари ТЭТ ҲНИ мехоҳад бо воситаи гумроҳ намудани ҷавонон ва бо роҳи тақсими аслиҳаҳои аз хоҷагони хориҷиаш гирифта, онҳоро ба вартаи гумроњӣ афканад. Аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 9-уми майи соли равон дар шабакаи иҷтимоии Ютуб, дар саҳифаи ПМТ иброз намуд, ки “то чанд сол пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ, дар Тоҷикистон рад мешуд, вале баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард…”. Яъне ба гуфтаи ӯ минбаъд аъзоёни ин ташкилоти террористӣ аз силоҳ барои ғасби ҳокимияти қонуни истифода хоҳанд бурд. Аслан, онҳо борҳо бо истифодаи силоҳ кӯшиши ғасби ҳокисият намудаанд, ки аз ин фаъолияти хоинонаи онҳо гувоҳӣ медиҳад. Яъне онҳо дар ягон ҳолат барои ғасби ҳокимият аз яроқ даст накашида буданд.
Њайратовар аст, ки чунин ашхос бо тањрики миссионерњои хориҷии худ дар зери ниқоби дини ислом ва бо истифода аз хушбоварии мардуми боэътиқоди кишвар мехоњанд барои бароварда гардонидани њадафњои хеш амал намоянд. Онҳо эътироф кардан намехоњанд, ки тараққиёти ҷомеаи мо бо роҳи демократӣ ба таври муттасил идома дорад, ки дар ин раванд байни гурўњњои гуногуни иҷтимоӣ мутобиқати манфиатҳо ба вуҷуд омада, қувваҳои умумимиллии муттаҳидкунанда ва марказшитоб нисбат ба қувваҳои худхоҳи минтақавӣ, этникӣ ва сиёсӣ афзалият пайдо кардаанд.
Тоҷикистон дар баробари давлати миллӣ будан ба арзишњои тамоми инсоният арҷ мегузорад, зеро асоси ҳуқуқии чунин пешрафтро, пеш аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистон гузоштааст, мафкураи ягон ҳизбу иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад ва фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятие мамнўъ аст, ки хилофи арзишҳои башарӣ амал мекунанд.
Аммо то кай ин иғвову мардумфиребӣ? Чаро ин тарафдорон аз номи аксарияти аҳоли сухан мекунанд? Аз кадом «сабр» ҳарф мезананд? Аз он ки ҳаёти осоишта ва ором доранд бояд «сабр» кунанд? Магар он нафароне, ки мехоҳанд дар Точикистон дубора тухми низову ҳамдигарнофаҳмиро бикоранд, аз окибатҳои нангину маргбори ин амалкардашон фикр намекунанд? Ношукри сулҳу ваҳдат моро то кадомин бунбаст мебарад?
Лутфан, бояд Кабирӣ аз номи аксарият сухан гуфтанро бас кунад! Кабирӣ борҳо гуфтааст, ки гурӯҳи онҳо ифродгаро нест? Вале, мо шоҳид шудем, ки худи ӯ иқрор шуд, ки дар Тоҷикистон мақсади ташкили гурӯҳи “ҷиноҳи низомӣ”-ро дорад.
Мусаллам аст, ин нафарон ба хотири манфиатҳои шахси мехоҳанд оромии кишварро халалдор намоянд. Агар ин гуруҳ экстримистӣ набошад ва манфиатҳои халқро тарафдорӣ кунад пас омодагиҳо ба ошуби мусаллаҳона чи маъни дорад?.
Ман ҳамчун як шаҳрванди оддии кишвар дар ҳайратам, ки чаро ҳама «ғамхорон»-и мардум ҳамеша берун аз кишвар ғами беҳбудии аҳолии кишварро мехӯранд? Дар ҳайратам, ки чаро ба қадру қимати сулҳу оромии кишвар намерасанд? Албатта, ҳар кишвари дунявӣ ва ҳар ҳукумати амалкунанда бояд мухолифони худро дошта бошад, аммо наход ин мухолифат зуриву мусаллаҳона бошад?
Як бори дигар аз такдири миллати худ андеша кунед, мардумро нафиребед!
Саломов Д.Ф. – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ