Ёде аз қаҳрамониҳои иштирокчиёни ҶБВ

Ҳамасола дар оғози моҳи май бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони баруманди миллат, ки дар роҳи ҳифзи Ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 садоқатмандона хизмат намудаанд, мулоқоту вохӯриҳо ташкилу баргузор карда мешаванд.

Дар ин радиф дар соатҳои кураториву дарсҳои тарбиявӣ дар факултетҳои бизнес ва идоракунӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ , бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки ҳамасола 9 май таҷлил карда мешавад, чорабиниҳо доир гардиданд.

Зимни баргузории дарсҳои кушоди тарбиявӣ иброз гардид, ки саҳми диловарони тоҷикистонӣ ва қаҳрамонии онҳо дар қатори дигар халқиятҳои Шӯравӣ барои расидан ба пирӯзӣ аз болои ғосибони фашистӣ назаррас буда, намунаи олии садоқат ба халқу Ватан маънидод мебошад. Илова гардид, ки пос доштани хотираи нек ва ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои ибратбахши иштирокчиёни ҶБВ насли имрӯзро дар руҳияи Ватандӯстӣ тарбия мекунад.

Донишҷӯён зимни баргузории чорабиниҳои баргузоргардида ба муносибати Рӯзи ғалаба шеъру сурудҳои ватандӯстона қироат карданд. 

Ҳадаф аз роҳандозии чорабиниҳои мазкур эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмату заҳматҳои қаҳрамонони ҶБВ ва пайравӣ ба мардонагиву далерии онҳо дар ҳифзу ҳимояи марзу буми хеш арзёбӣ карда шуд.

You might also like