Муҳимияти ташаккули тафаккури солими илмӣ дар ҷомеаи ҷаҳони муосир

Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони имрӯза паҳн гардидани терроризм ва шаклҳои гуногуни ифротгароӣ, аз ҷумла ҳаракатҳои экстремистӣ боиси изтироби ҳамагон гардидааст. Аслан терроризм ва экстремизм маҳсули сиёсатҳои ғаразноки ҳукуматхоҳ  буда, аз дин ва эҳсоси динии мардум суъистифода мекунанд. Бинобар ин, Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ барои пешгирии терроризм ва хатарҳои эҳтимолӣ таъкид карданд: «Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи  Афғонистони ҳамсоя моро водор мекунад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем».

Хатарҳое, ки аз терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд омадаанд, ҳамзамон, ба ҷангҳои шаҳрвандӣ, хонахаробшавӣ, саргардонӣ, оворагӣ ва дар кишварҳои дигар гуреза шудан дар байни гуруҳҳои зиёди аҳолии сайёра ноумедӣ ва интизории маргро ба вуҷуд овардааст. Далели ин гуфтаҳо дар суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад, ки тасаввури манзараи вусъати нооромиҳоро дар саросари ҷаҳон ба бор меорад: «…зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои  ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст».

Дар пешорӯи фалокате, ки инсоният онро баргардонда наметавонад, эътимод ба илм ва фарҳанги анъанавӣ аз байн меравад. Аз ин нуқтаи назар, ташаккули тафаккури солими илмӣ ва динӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва тақдирсоз барои ҷомеаи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, ягона роҳи раҳоӣ аз вазъияти хатарнок мебошад ва он дар Паёми Президенти муҳтарами кишвари мо ҳамчун мавзӯи рӯз пайваста махсусан, солҳои охир баён мешавад. Яъне, зарур аст, ки  шаҳрвандони худогоҳи кишвар бояд дорои ҷаҳонбинии илмӣ  ва мавқеи устувор ва солими сиёсӣ бошанд, то ки аз дасисаҳову фиребҳои душманони истиқлолият дар дохил ва хориҷи кишвар зуд огоҳ шаванд, посдори дастовардҳо ва амнияти давлатамон гарданд. Пайравӣ ва ё шомил шудани як фарди кишвар махсусан ҷавон ба гуруҳҳои гуногуни сиёсии зиддиҳукуматӣ метавонад ҷони ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро зери хатар гузорад, амнияти давлатро халалдор созад ва обрўю нуфузи онро коста гардонад.

Имрӯз дар шароите, ки ба таври ҳамешагӣ аз тарафи Роҳбарияти олии кишвар ҳушдор карда мешавад, ки ягон фард ҳаққи фирефта шудан ба ҳадафу тарғиби гуруҳҳо, ҳизбҳо, созмону ташкилотҳо ба манфиатҳои худ надорад. Роҳи ягонаю дуруст барои мо дар ҳама ҳолат боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ ва дар ин ҷода аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад. «Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад. Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сўи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рўзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад. Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни ватан ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад».

Бешак, амнияти кишвар ин заминаи ободию осудагии ҳар хонадон, таҳсили муназзами илму дониш, пешрафти  фарҳанги ҷамъиятӣ, ошноии хориҷиён бо табиати зебову мафтункунандаи Ватани азизамон ва расму одатҳо ва ҳунарҳои асилу нотакрори  халқи шарафманди тоҷик мебошад.  Бо назардошти чунин пешомадҳо роҳбарияти олии мамлакат роҳи асосии  пешгирифтаи Тоҷикистонро дар «ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир» мебинанд. Яке аз далелҳои омодагии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ мебошад.

 

Салимова М.М. – н.и.и., дотсент

мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like