Ягон порча замини худро ба бегонагон нахоҳем дод

Мувофиқ ба маъхазҳои таърихӣ муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд. Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд байни ду кишвар сурат мегиранд. Роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

Муколамаи сиёсии байни ду кишвар густариш меёбад ва ҷиҳати равнақи бештари он абзорҳои лозим – Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаолият доранд.

Машваратҳои сиёсӣ байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд. Ҷонибҳо Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷиро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расониданд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дарбар мегирад. Новобаста аз он 29 апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ба тирпарронӣ печид ва аз ҳарду тараф 55 кушта барҷой гузошт. Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози даргирӣ муттаҳам карданд.

Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд ва меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Лекин ба ин нигоҳ накарда соли 2022 боз муноқиша ва трипаронии навбатӣ дар марз аз тарафи марзбонони қиргиз ба миён омад. Онҳо мекӯшанд бо ҳар роҳ соҳиби заминҳои мо шаванд, лекин тирашон хато хӯрд, мо ягон порча замини худро ба онҳо нахоем дод.

 

Абдуллоев М.М. – муалими калони кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like