ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МОСТ!
Солҳои охир муносибатҳои ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон ба маротиб қоҳиш ёфтанд, ки воқеан боиси ташвиш ва нигаронии кулли сокинони кишварамон гаштааст. Сабаби асосии он бошад, пеш аз ҳама дар якдигарнофаҳмӣ ва муноқишаҳои марзии ду давлати ҳамсоя аст. Роҳбарият ва сокинони наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо собит сохтанд, ки мо доимо ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани минтақаҳои наздисарҳадии ишоранашуда ҳастем ва доимо дар фикри хубу беҳтар намудани муносибатамон бо кишварҳои ҳамсоя мебошем.
Вале, мутаассифона, баъзе аз сокинони манфиатҷӯ ва сарҳадбонони иғвогари кишвари ҳамсоя доимо дар фикри нотинҷу ноором сохтани вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳастанд. Ин гуна афродро ба истилоҳ «вирус» номидан мумкин аст, зеро онҳо майнаи сари баъзе аз сокинони зудбоварро вайрон намуда, мехоҳанд ба ҳадафи шахсии худ, ки аз манфиати миллӣ боло гузошта мешавад, бирасанд. Аз ин лиҳоз, мақомотҳои масъули кишвари ҳамсояро мебояд, ки фаъолияти чунин афродро қатъ намоянд ва барои ҳаллу фасли низои баамаломада чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ доимо ҷонибдори бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл намудани низоъҳои байнидавлатӣ буд ва итминони комил дорем, ки чунин мемонад. Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки он воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-уми ба сари халқи тоҷик омада, дар ягон кишвари дунё такрор ёбанд. Ҳамзамон ҳар як кишвари ҳамсоя бояд хуб дарк намояд, ки якпорчагии Тоҷикистон яке аз манфиатҳои муҳими милливу давлатии мост. Имрӯз мо омодаем, ки манфиатҳои милливу давлатиро ҳимоя намоем ва барои рушди босуботи кишвар ҷидду ҷаҳд намоем.
Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ