МУНОСИБАТИ ДУ ДАВЛАТИ ҲАМСОЯ БОЯД БА ДЎСТӢ ОВАРАД

Имрўзҳо вазъи ҷаҳонӣ ноором аст. Дар замони зудтағйирёбии равандҳои сиёсии минтақавиву ҷаҳонӣ миллату давлатҳои ҷаҳонро мебояд, ки бо назардошти эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳамҷоя рушду такомул ёбанд. Раванди ҷаҳонишавӣ бевосита ба ҳар як соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа таъсири худро расонида истодааст. Имрўз ягон давлат дар танҳоӣ рушд намекунанд ва дар ягонагӣ аз ҳалли мушкилоти минтақаву ҷаҳон намебарояд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаҳон аз ҳама арзишмандтарин неъмат барои халқу миллату давлатҳо ин сулҳу амният, тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ маҳсуб мегардад ва он мудом боқӣ хоҳад монд. Гарчанде, амнияту оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар неъмати бебаҳост, аммо бархе аз ашхосон ва кишварҳо ин неъматро қадр намекунанд ва ҳатто талошҳое доранд, ки ба сарсабзиву оромии мардум хок пошанд.

Дар ин радиф маълум менамоем, ки чанд вақт байни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳои нофаҳмо сар зада ва ин ҳолатҳо ба хунрезиву қасиди ҷони ҳамдигар, бесариву бесомониҳо, хонавайрониву харобиҳо оварда расонида истодааст. Хусусан байни мардуми ду кишвар ин ҳолат ба тезу тунд шудани муносибатҳо оварда расонида истодааст.

Мутаасифона аз чунин ҳолати сарзада як гурўҳи ашхосон ва гурўҳҳи террористиву экстримистӣ, ки дар кишвари Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шудааст, истифода бурда мардумро роҳгум зада истодаанд.

Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз аввал давлатҳои ба ҳам дўсту бародар ва ҳамсояи қарин буданд. Муноқишаҳое, ки дар марз сар зада истодаанд, сабаби тезу тунд шудани муносибатҳои тарафайн ва зарари иқтисодӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар оаварда расонида истодааст, ки тасдиқкунандаи он ин вазъи ҳозираи иқтисодии кишвар мебошад.

Дар ин асос, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми малакаи худро барои хуб шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя равона намуда истодааст. Тасдиқунанадаи ин ҳолат, санаи 12.04.2022 с. дар гузаргоҳи сарҳади «Гулистон»-и шаҳри Исфара ва санаи 13.04.2022 с. дар минтақи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаги ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев баргузор гардид, ки дар он сабабҳои пайдоиши муноқишаҳо таҳти омўзиш қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот қарор карда шуд, ки байни мардуми ду кишвар ҷиҳати истифодаи об ва замин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда ва манфиати ду тарафҳо ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои об ба роҳ монанд.

Хулоса дар он аст, ки мардуми ду кишвар ба гуфтаи баъзе ашхосону гурўҳҳо бовар карда ба тезу тунд шудани муносибатҳои кишварҳо даст назананд.

 

Орипов А.А.- н.и.и., дотсент, декани факултет, ДДҲБСТ

You might also like