САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ КИШВАР

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад

                    Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд.

Нахуст сарвари давлат ҳамаи ҷавонони  саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирфта мешавад, табрику таҳният мегӯянд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат, ҳадафи мулоқотро  таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод менамоянд.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумла самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд. Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхори барои ояндаи миллатӣ тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат дар баромади худ борҳо таъкид менамоян, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташшакул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавонон, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа давоми солҳои соҳибистиқлоӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии татбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи наслӣ имрӯза давра ба давра иқдомоти мушахасро амалӣ намуд.

Имрӯз давлат, ҷомеа, падару модарон имкониятҳои иқтисодии хешро барои рушди маънавию ҷисмонии насли наврасу ҷавон сарф менамоянд, то онҳо барои замони оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрӯву эътибори Ватани худ – Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихори налсҳои оянда бошанд.

Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.

 

Хоҷаева М. И. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like